Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Худдории Кремл аз ифшои ҷузъиёти пешниҳоди Путин ба Трамп дар бораи Эрон
Сухангӯи Кремл аз ироаи ҷузъиёт дар бораи пешниҳодҳои президенти Русия ба ҳамтои амрикоии ӯ барои ҳаллу фасли дипломатии вазъият дар бораи Эрон худдорӣ кардааст.
Дмитрий Песков дар посух ба дархосте барои шаффофсозӣ дар бораи ин ки кадом яке аз пешниҳодҳо “ҳамчунон рӯйи миз аст”, гуфт: “Дар ҳоли ҳозир имкони ироаи ҷузъиёт вуҷуд надорад ва дар воқеъ чунин қасде ҳам надорем”.
Вай афзуд: “Путин ин пешниҳодҳоро ба иттилои тарафи муқобил расондааст. Бояд бубинем, ки раванди ҳамоҳангиҳо дар оянда чӣ гуна пеш хоҳад рафт”.
Пеш аз ин, ёрдамчии президенти Русия оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ шоми душанбе гуфта буд: “Президенти Русия дар тамоси телефонӣ бо Трамп, президенти Амрико, маҷмуае аз мулоҳизаҳоро бо ҳадафи дастёбии ҳарчи зудтар ба як роҳи ҳалли сиёсӣ-дипломатӣ дар иртибот бо мавзуи Эрон матраҳ кардааст”.
Вай хотирнишон кард: “Ин мулоҳизаҳо бо дар назар гирифтани тамосҳои ахири ӯ бо Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон, сарони кишварҳои арабии Халиҷи Форс ва раҳбарони теъдоде аз кишварҳои дигар ироа шуд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”