Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Кӯдаки 5-сола аз ғарқшавӣ наҷот дода шуд
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони НБО-1 як ноболиғро аз ғарқшавӣ наҷот доданд.
Манбаъ меафзояд, ки дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маҳаллаи Варзоб-ГЕС, дар мавзеи фишории НБО-1, писарбачаи ноболиғ Шоҳназарзода А., соли таваллудаш 21.03.2021 зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Варзоб, аз беэҳтиётӣ ғарқ шуд. Ҳолати мазкурро кормандони НБО-1, Маликов Муқимҷон ва Ализода Назира дида, кӯдакро аз ғарқшавӣ наҷот дода, фавран ба беморхонаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе бурданд.
Дар ин росто генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликов Муқимҷон ва Ализода Назираро барои ин амали неку ҷасуронаашон қадрдонӣ намуд.
Гуфта мешавад, ки сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе полковник Шамсиддинзода Сулаймон тӯҳфаҳо ва итихорномаву сипосномаҳоро ба онҳо супорид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”