Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
8 далел барои бозанда будани Исроил дар “ҷанги зерсохтӣ”
Барои бозанда будани Исроил дар “ҷанги зерсохтӣ”, 8 далели муҳимро метавон баён кард.
Номутаносиб будани ҷанги зерсохтӣ:
Ба далели тафовути ҷуғрофиёӣ, ҷанги зерсохтӣ арсае нест, ки Исроил битавонад дар он дасти бартар дошта бошад.
Тафовути зиёди сарзаминӣ:
Масоҳати Исроил (сарзаминҳои ишғолӣ) ҳудуди 22 ҳазор километри мураббаъ ва Эрон ҳудуди 1,7 миллион километри мураббаъ аст, яъне Эрон беш аз 75 баробар бузургтар аст.
Поракандагии зерсохтҳо дар Эрон:
Вусъати Эрон боис шудааст, ки зерсохтҳо ба таври густарда пораканда бошанд ва дар натиҷа осебпазирии он дар ҷанги зерсохтӣ камтар аст.
Тамаркузи зерсохтҳои Исроил:
Зерсохтҳои ҳаётии Исроил бисёр маҳдуд ва мутамарказ аст ва бахши аслии энергетикии он ба ду канализатсия, се хатти лӯла, се майдони газӣ, чанд неругоҳи барқ ва таъсисоти обширинкун вобаста аст.
Осебпазирии сохтории Исроил:
Ин тамаркузи зерсохтӣ боис мешавад, ки Исроил дар сурати вуруд ба ҷанги зерсохтӣ бо риск ва маҳдудияти ҷиддӣ мувоҷеҳ шавад.
Эҳтиёти Амрико дар ҳамла ба энергетикаи Эрон:
Мақомҳои амрикоӣ, аз ҷумла вазири энергетикаи Амрико, эълом кардаанд, ки ҳамла ба зерсохтҳои нафт ва гази Эрон дар барномаи онҳо қарор надорад.
Ихтилофи назари эҳтимолии Амрико ва Исроил:
Бархе гузоришҳо аз ихтилофи дидгоҳ миёни Вашингтон ва Тел-Авив дар бораи ҳамла ба зерсохтҳои энергетикии Эрон хабар додаанд.
Талош барои коҳиши таниш:
Амрико талош кардааст ҳамла ба бархе анборҳои нафти Теҳронро камаҳамият ҷилва диҳад, то аз вокуниши мутақобили Эрон ҷилавгирӣ кунад.
Пазириши зимнии тавони таҳоҷумии Эрон:
Ин ҳадаф нишон медиҳад, ки тарафи муқобил тавони зарба задани Эрон ба зерсохтҳои ҳаётии минтақаро ҷиддӣ медонад.
Харҷи сангини Амрико дар ҷанг:
Тибқи бархе гузоришҳо, Амрико то кунун ҳудуди 6 миллиард доллар харҷ кардааст, ки ҳудуди 4 миллиард доллари он сарфи мушакҳои падофандӣ шудааст ва бо вуҷуди ин ҳазинаҳо натиҷаи қотее ба даст наомадааст.
Бознашр аз "Тасним"
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”