27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
10.03.2026 09:46

Доналд Трамп ва Дана Уайт дурӯғ гуфтанд. Муҳорибаҳои UFC Кохи сафед эълон шуданд

Роҳбари ташкилоти UFC Дана Уайт муҳорибаҳои мусобиқаи UFC Кохи сафедро эълон кард, аммо тавре ки алоқамандони муҳорибаҳои омехта интизор буданд, нашуд.

Тибқи иттилои Дана Уайт, дар мусобиқаи UFC Кохи сафед шаш муҳориба, аз ҷумла ду муҳорибаи чемпионӣ ташкил карда мешавад. Муҳорибаҳои асосии мусобиқаи мазкур рақобати Илия Топурия бо Ҷастин Гейҷи барои камарбанди чемпионӣ дар вазни сабук ва рақобати Алекс Перейра бо Сирил Ган барои камарбанди чемпионӣ дар вазни вазнин мебошанд.

Мусобиқаи UFC Кохи сафедро ба муносибати 250-солагии Амрико 14-уми июни соли равон ташкил мекунанд ва беш аз як сол мешавад, ки Доналд Трамп ва Дана Уайт дар мавриди мусобиқаи таърихӣ шудани он мегӯянд. Ҳатто президенти Амрико Доналд Трамп эълон карда буд, ки дар мусобиқаи UFC Кохи сафед 8-9 муҳорибаи унвонӣ доир мегардад, вале тавре дидем, танҳо ду рақобати чемпионӣ ташкил мешаваду халос.

Ҳамчунин, дар мавриди рақобати чемпиони UFC дар вазни ниммиёна Ислом Махачев, ки бисёриҳо интизор буданд, Дана Уайт гуфт, ки ҷароҳат бардоштааст ва имкони ташкили муҳорибаи ӯ нашуд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.