27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
10.03.2026 07:45

Аз тоҷик будан ва нақши зани тоҷикро бозиданаш ифтихор дошт. Ёде аз Тоҷинисо Саидова

Имрӯз, 9-уми март Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Тоҷинисо Саидова дар cинни 73-солагӣ даргузашт.

Мавсуф аз ҷумлаи беҳтарин ва номдортарин ҳунармандони тоҷик буд ва то охири умр дар Муассисаи давлатии театри намунавӣ-минётурии «Оина» кор мекард. Тоҷинисо Саидова дар баробари ҳамчун ҳунарпеша фаъолият кардан, ба ҳунармандони ҷавони театри мазкур нозукиҳои пешаи актёриро меомӯзонд ва кӯшиш мекард, ки ҳунармандони насли нав ҷойгузини насли калонсол гарданд.

ТАБИБШАВАНДАЕ, КИ ҲУНАРПЕША ШУД

Бо шодравон Тоҷинисо Саидова борҳо суҳбат доштем ва дар яке аз суҳбатҳо ба пешаи актёрӣ қадам монданашро чунин шарҳ дода буд: “Ман аз даврони мактабӣ мехостам ба дунёи ҳунар бипайвандам, вале падару модарам пас аз хатми синфи 8-ум маро ба омӯзишгоҳи тиббӣ роҳнамоӣ карданд. Умед доштанд, ки дар соҳаи тиб таҳсил мекунам ва духтур мешавам, аммо насиб набудааст. Вақти таҳсил дар омӯзишгоҳ, ба дастаи ҳаваскорон аъзо шудам ва дубора шавқу ҳаваси ҳунарпеша шудан дар дилам пайдо шуд. Ҳамон замон коргардони барҷастаи синамои тоҷик Тоҳир Собиров барои филми «Хати парвоз» гурӯҳи ҳаваскорони моро интихоб кард ва мо дар филми мазкур дар як лаҳза иштирок кардем. Сипас, бо роҳнамоии Тоҳир Собиров имтиҳонҳои дохилшавиро ба Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи Москва (ВГИК) супурдам. Аҳли оила зид баромаданд. Кор то ҷое расид, ки рӯзе дар ҳавлиамон бо садои баланд гиря карда, падару модарамро розӣ карданӣ будам. Дар ҳамон вақт падари Асланшоҳ Раҳматуллоев омада падарамро ором карданд ва баъдан он кас розӣ шуданд, ки ман барои таҳсил ва ҳунарманд шудан ба ВГИК равам. Ҳамин тавр, донишҷӯ шудам ва нозукиҳои ин касбро аз беҳтарин устодон, аз ҷумла Сергей Бондарчук омӯхтам”.

Бояд гуфт, ки Тоҷинисо Саидова замоне ки дар ВГИК таҳсил мекард, бо ҳамкурси худ Мақсудшо Иматшоев дил баст ва пас аз хатми мактаби оливу ба ватан баргаштан оиладор шуд.

ҚУВВАИ ҲУНАР

Дар яке аз суҳбатҳо аз Тоҷинисо Саидова дар мавриди фазову муҳити театр пурсида будем. Он кас бо таассуф чунин баён дошта буд: “Мутаассифона, ҳоло таваҷҷуҳи мардум ба театр кам шудааст. Мефаҳмам, ки талаботу завқи тамошобин дигар гаштааст, аммо, фикр мекунам, аҳли ҳунар бояд роҳе ёфта, боз дар дилҳо ҷой гиранд. Рисолаташонро хубтару беҳтар иҷро кунанд ва ҷомеаро ба корҳои нек талқин намоянд”.

Ҳамчунин, пурсида будем, ки модоме, ки таваҷҷуҳ кам аст, чаро бо вуҷуди ба нафақа баромадан низ ба театр меояд ва кор мекунад? Посухаш одӣ набуд, балки сухане гуфт, ки ҳар кас гуфта наметавонад. Аниқтараш, шахсе гуфта метавонад, ки нисбат ба касб ва ҷойи кор содиқ аст ва болотару пештар аз ҳама иҷрои рисолату вазифаи касбиашро мегузорад. “Сабаби тарки кор накарданам, меҳр ба театр аст. Меҳри нимасра, меҳре, ки ҳеҷ гоҳ аз дилам дур намешавад. Ҳатто замони нооромиҳо, замоне ки барои берун баромадан ҳарос доштем, ин қувва маро маҷбур мекард, ки дар саҳна бошам. Ҳеҷ мушкилии зиндагӣ миёни ману саҳнаи театру синамо фосила гузошта  наметавонад ва ҳамин қувва маро ба театр меорад. Бе кори эҷодӣ зиндагӣ карда наметавонам”.

ҲУНАРРО ХОР НАКАРД

Бояд таъкид кард, ки Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Тоҷинисо Саидова дар синамои тоҷик яке аз ҳунармандоне буд, ки зиёдтар нақши зани одии тоҷикро бозидааст. Самимиву заминӣ нақш меофарид. Дар симои қаҳрамонҳои ӯ ҳар кас метавонад модару бибии худро бубинад.

Мавсуф дар ин маврид чунин андешаронӣ карда буд: “Нахуст, ифтихор мекунам, ки тоҷикам ва дар муҳити тоҷикона ба воя расидаам. Ёдам ҳаст, ки замони наврасиву ҷавониам, ҳамагӣ як шабакаи телевизионӣ доштем ва боқимонда ҳама русӣ буданд. Аҳли оила фақат барномаҳои телевизиони Тоҷикистонро тамошо карда, моро талқин мекарданд, ки дигар шабакаҳоро тамошо накунам. Аз модарам тоҷикият ва шарму ҳаёи тоҷикиро мерос гирифтаам, ки то охир бо ман аст. Ҳамчунин, ифтихор мекунам, ки то имрӯз чанд нақше бозидаам, ки воқеан ҳам симои зани тоҷикро нишон медиҳанд. Аммо боз медонам, ки нақши зани тоҷикро бозидан, агар аз як тараф ифтихор бошад, пас, бешубҳа аз ҷониби дигар масъулияти бузург аст”.

Ҳарчанд, Тоҷинисо Саидова тамоми умрашро ба театр бахшид, вале бояд иқрор шуд, ки ӯро бештар мардум аз филмҳои «Марди мутааллиқи ду зан», «Муҷассамаи ишқ» ва ғайраҳо  шинохтаан.

Ҳамчунин, дар масъалаи даъват шуданаш ба филмҳои наве, ки коргардонҳои ҷавони ҳаваскор барои шабакаҳои иҷтимоӣ таҳия мекунанд, гуфтугӯ доштем ва чунин посух дода буд: “Бачаҳои ҷавон борҳо ба ман пешниҳоди ҳамкорӣ карданд, вале рад кардам. Барои ман мундариҷаи филмнома, раванди кор ва сифати филм хеле муҳим аст”.

ИФТИХОР ДОШТ

Дар яке аз суҳбатҳоямон сухан аз пайраҳои тайкарда ва ифтихору пушаймонӣ рафт, ки мавсуф чунин гуфт: “Баъзан пешорӯям нақшҳои офаридаам меоянд, кам ҳам бошанд, чанд нақше офаридаам, ки ба дили мардум наздиканд. Пешорӯям фарзандони хубам меоянд, ки аз соли 1993 инҷониб танҳо худам ба воя расондаам ва тарбияи хуб додаам. Пешорӯям ифтихоре падид меояд, ки бо бузургтарин ҳунармандон, аз ҷумла Ато Муҳаммадҷонов, Туҳфа Фозилова, Маҳмудҷон Воҳидов, Ҳошим Гадоев, Марям Исоева ва дигарон кор кардаам.

ДАРИЧАИ ОШНОЙ

Тоҷинисо Саидова Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон 11-уми октябри соли 1953 дар ноҳияи Муъминобод ба дунё омадааст. Соли 1975 Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи шаҳри Маскавро хатм карда, дар Театри давлатии академӣ – драмавии ба номи Лоҳутӣ (1975-1991) фаъолият карда, аз соли 1991 то охири умр дар Муассисаи давлатии театри намунавӣ-минётурии «Оина» кор мекард.

Дар намоишҳои «Интихоби домод», «Хостгорӣ», «Исёни арӯсон», «Садо аз тобут», «Кафшҳои Абулқосим», «Охирин арӯси амиралмуъминин», «Бахтатро бедор кун», «Эдип», «Ҷияни хира», «Имтиҳон», «Лаку Пак» ва ғайраҳо нақш бозидааст. Дар даҳҳо теленовеллаи «Оина», бисёр спектаклҳои телевизионӣ («Дугонаҳо ба театр мераванд», «Зани оҳанин») нақшофарӣ кардааст. Ҳамчунин, дар филмҳои бадеии «Хатти парвоз», «Дар ҷарӣ» (2 қисм), «Қӯшатир», «Бозавқтар нигоҳ кун» (3 қисм), «Марди мутааллиқи ду зан», «Муҷассамаи ишқ», «Чашмаи хостаҳо» ҳунарнамоӣ намудааст.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.