Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Созмони Милал хостори лағви маҳдудиятҳои вуруди кормандони зан ба дафтарҳои ин созмон дар Афғонистон шуд
Бахши занони Созмони Милали Муттаҳид аз гурӯҳи террористии Толибон хостааст маҳдудиятҳои вуруди кормандони зан ба дафтарҳои ин созмон дар Афғонистонро бардоранд.
Ин созмон рӯзи шанбе, 7-уми март дар баёнияе гуфтааст, ки шаш моҳ аз мамнуъияти вуруди занон ба дафтарҳои Созмони Милал дар Афғонистон мегузарад.
Тибқи баёния, ин мамнуъият дар таърихи 80-солаи Созмони Милал бесобиқа будааст.
Созмони Милал тасреҳ кардааст, ки бидуни ҳузури кормандони зан, раванди кумакрасонӣ бо чолиш рӯ ба рӯ мешавад ва дастрасӣ ба занон ва духтарон имконпазир нахоҳад буд.
Ин созмон дар Рӯзи ҷаҳонии зан таъкид кардааст, ки дар канори занони Афғонистон меистад.
Гуфтанист, ки Толибон шаш моҳ пеш вуруди занон ба дафтарҳои Созмони Милал дар Афғонистонро мамнуъ карданд ва бархе аз занонро мавриди пайгард қарор додаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”