Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
95 мактаб дар Курдистони Эрон бар асари ҳамлаҳои Амрико ва Исроил осеб дидаанд
Фавод Ҳусайнӣ, директори кулли маорифи вилояти Курдистон, дар суҳбат бо расонаи “ИРНА”-и Эрон гуфтааст: “Дар пайи ҳамлаҳои душмани амрикоӣ-саҳюнистӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон аз оғози ҷанги таҳмилӣ то кунун 95 мактаб дар ин вилоят осеб дидаанд”.
Гуфта мешавад, ки ин мактабҳо дар минтақаҳои гуногуни шаҳрии вилояти Курдистон қарор доранд ва мизони хисорот аз шикастани шишаҳо то харобшавии шадид арзёбӣ мешавад.
Бештари мактабҳои осебдида дар ин ҳамлаҳо ба шаҳрҳои Санандаҷ, Саққиз ва Комёрон тааллуқ доранд. Ҳамчунин, дар ин муддат як хонандаи мактаб аз ноҳияи Девандаре ба шаҳодат расидааст.
Дар идомаи ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба вилояти Курдистони Эрон шоми ҷумъа мактаби духтаронаи намунавии давлатии “Ҳиҷоб” дар шаҳри Саққиз мавриди ҳамла қарор гирифта, хароб шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”