Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Рамзи баҳори муаттар”. Табрикоти Рустами Эмомалӣ ба Рӯзи модар
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе бонувони кишварро ба Рӯзи модар таҳният гуфт.
“Бо камоли эҳтиром ва самимияти хос ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи Модар - 8 Март, ки рамзи баҳори муаттар, меҳру муҳаббат ва рисолати муқаддаси инсонпарварист, табрик мегӯям”, - омадааст дар матни табрикотии Рустами Эмомалӣ.
Афзуда мешавад, ки модар дар фарҳанги миллии мо ва тамаддуни башарӣ ҷойгоҳи воло ва муқаддас дорад. Зан - Модари тоҷик офарандаи зиндагӣ, посдори гармии оила, тарбиятгари насли солим ва нерӯи созандаи ҷомеа мебошад.
“Имрӯз бонувони мо дар баробари мардон дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва пешбурди ҳаёти иҷтимоиву фарҳангӣ нақши бориз доранд. Итминони комил дорам, ки занону бонувон минбаъд низ дар таҳкими пояҳои оила, тарбияи насли худшиносу ватандӯст ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлоламон саҳми созандаи худро мегузоранд”, - илова мешавад дар матни мазкур.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”