Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Гутерриш: “Хатари истифода аз силоҳи ҳастаӣ ба болотарин сатҳ дар чанд даҳаи ахир расидааст”
Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милал, эълом карда, ки рӯёи сулҳ дар ҷаҳон бо таҳдидҳои ҷиддӣ рӯбарӯ шуда ва хатари истифода аз силоҳҳои ҳастаӣ ба болотарин сатҳ дар чанд даҳаи ахир расидааст.
Гутерриш рӯзи панҷшанбе, 5-уми март бо нашри баёнияе гуфта, ки афзоиши танишҳои ҷаҳонӣ сабаби боло рафтани бесобиқаи ҳазинаҳои низомӣ шуда ва густариши силоҳҳои кучак ва сабук ва ҳамчунин, фанновариҳои навзуҳур, даргириҳоро маргбортар кардааст.
Ӯ ҳушдор дода аст, ҷаҳон дар шароите қарор дорад, ки раҳбарони кишварҳо бояд аз ташдиди танишҳо ҷилавгирӣ кунанд ва аз таҳдид ба истифода аз силоҳҳои ҳастаӣ даст бардоранд.
Дабири кулли Созмони Милал ҳамчунин, аз раҳбарони ҷаҳон хоста аст, то рақобатҳои таслиҳотиро мутаваққиф кунанд ва ба ҷои сармоягузорӣ дар абзорҳои ҷанг, барои тақвияти сохторҳои сулҳ ва эътимод миёни кишварҳо талош кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад