Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Давлаталӣ Саид ба дорандаи медали тиллои «Tashkent Grand Slam-2026» 20 ҳазор сомонӣ тақдим кард
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон бо дорандаи медали тиллои мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam-2026» Абдуллои Ориф вохӯрӣ намуда, ба ӯ барои ин дастовардаш 20 ҳазор сомонӣ тақдим кард.
Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад, Абдуллои Ориф дастпарвари Мактаби махсуси варзишии вилояти Хатлон оид ба намудҳои гӯштин ба номи Саймуъмин Раҳимов дар шаҳри Кӯлоб мебошад.
Бояд гуфт, ки Абдуллои Ориф дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam-2026» дар вазни то 73 кг баромад карда, сазовори ҷойи якум ва медали тилло гардид.
Ёдовар мешавем, ки аз 27-уми феврал то 1-уми марти соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam-2026» доир гашт ва варзишгарони тоҷик аз мусобиқаи мазкур як медали тилло ва як медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дорандаи медали биринҷӣ ҷудокори номошнои тоҷик Нуралии Эмомалӣ мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”