Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Родриго дар бораи ҷароҳати зонуяш: “Яке аз рӯзҳои бади ҳаётам”
Яке аз футболбозони калидии бошгоҳи “Реал Мадрид” Родриго аз зонуяш ҷароҳат (кандашавии пайванди салибшакл) гирифт, ки то охири мавсим ва ҳатто дар Чемпионати ҷаҳон-2026 ба майдон намеояд.
Ҷароҳати кандашавии пайванди салибшакл яке аз ҷароҳатҳоест, ки футболбозонро аз 6 моҳ то 1 сол аз майдон дур мекунад.
“Яке аз рӯзҳои бади ҳаётам. Ман хеле зиёд аз ин ҷароҳат метарсидам, зеро аз майдон ба муҳлати тӯлонӣ дур мешавам. Намедонам, оё ман сазовори чунин ҷароҳат будам ё не, вале шикоят намекунам, зеро дар зиндагӣ ба бисёр дастовардҳо ноил шудам, ки шояд сазовори онон низ набудам”, - навиштааст Родриго.
Футболбози бошгоҳи “Реал Мадрид” илова намудааст, ки то ихири мавсим дар ҳайати дастаи шоҳона ба майдон намеояд ва ҳамчунин, бо мунтахаби Бразилия дар Чемпионати ҷаҳон-2026 иштирок карда наметавонад, ки албатта орзуяш буд.
Ҳамчунин, Родриго ба мухлисонаш барои паёмҳояшон изҳори миннатдорӣ кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад