Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сояи ҷанг бар бозори нафт ва газ. Таваққуфи 22 дарсад аз тавлиди LNG-и ҷаҳон
Эҳсон Ҷанобӣ, таҳлилгари бозори нафт ва энергия дар гуфтугӯ бо “ИРНА”, расонаи давлатии Ҷумҳурии Исломии Эрон.
Эҳсон Ҷанобӣ, таҳлилгар дар мусоҳиба бо ИРНА дар мавриди тағйири вазъи иқтисодӣ баъд аз ба вуҷуд омадани таниши минтақавӣ чунин гуфт: “Ҷанги ахири Амрико ва режими Исроил алайҳи Эрон, омили таъсиргузори амиқ бар бозорҳои энергия шуда, ба тавре ки коҳиши 22 дарсадии тавлиди LNG, нигарониҳоро дар мавриди амнияти энергия, ба вижа барои Аврупо ва кишварҳои Осиёи Шарқӣ, афзоиш додааст.
Ин ҳаҷм аз LNG барои расидан ба ҳадафҳои худ бояд аз тангаи Ҳурмуз убур кунад, ки мудирияти фазои он, ба далели қудрати низомӣ, аз қонунҳои байналмилалӣ фаротар рафтааст.
Бахше аз тангаи Ҳурмуз дар обҳои сарзаминии Эрон ва бахше дар обҳои сарзаминии Умон аст ва минтақаи мобайнӣ, ки бар ҳасби умқ қобилияти киштиронӣ дорад дар ихтиёри ҳеч кишваре нест, аммо акнун ин маҳдуда аз қонунҳои байналмилалӣ ва режими ҳуқуқии дарёҳо бар он ҳоким нест ва ҳар касе, ки қудрат дошта бошад метавонад фазоро мудирият кунад.
Омилҳое монанди танишҳои сиёсӣ ва баҳсҳои геополитикӣ миёни Эрон ва Амрико, таъсири амиқ ва мустақиме бар бозори нафт ва газ гузоштаанд ва то ҳудуде омилҳои бунёдини арзаву тақозоро зери соя қарор додаанд: ба тавре ки ҳатто мусоҳибаҳои тарафайни низоъ боиси вокуниши бозорҳои молӣ, энержӣ ва унси ҷаҳонии тило мешавад”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”