Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҳамдардии Озарахш ва Фарзона ба мардуми Эрон
Дар пасманзари нооромӣ дар Эрон ва кушта шудани Алии Хоманаӣ ва дигар мақомдорони ин кишвар Шоирони халқии Тоҷикистон Озарахш ва Фарзонаи Хуҷандӣ ба сафири Эрон дар Душанбе номаи ҳамдардӣ фиристоданд.
“Чӣ фархунда умре, ки дар роҳи наҷоти Ватан фидо шавад ва чӣ поянда номе, ки бар пештоқи меҳан ва дар ҷаридаи қалбҳои мунаввар барои ҳамеша сабт гардад, - зикр мегардад дар паёми тасалияти Озарахш ва Фарзона.
Бояд гуфт, ки Озарахш ва Фарзонаи Хуҷандӣ аз ҷумлаи шоирони номошное ҳастанд, ки дар Эрон низ маҳбубияти хос донанд.
Ҳамчунин, дар номаи тасалияти шоирони тоҷик омадааст, ки дуо мекунем, мардуми Эрон аз шарри аҳриманони ҷаҳонхор дар амон монда, раҳоӣ ёбанд ва парчами пирӯзиро баланд афрозанд.
Дар навбатии худ сафорати Эрон дар Душанбе аз шоирони тоҷик барои изҳори тасалият сипосгузорӣ кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”