Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сергей Лавров: Баҳонаи Амрико барои ҳамла ба Эрон рад шуд
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, дар ҳоле, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз масъалаи ҳастаӣ ба унвони тавҷеҳе барои ҳамла ба Эрон истифода кардааст, гузориши Агентии байналмилалии энергияи атомӣ ва ниҳодҳои иттилоотии худи Амрико нишон медиҳад, ки Теҳрон силоҳи ҳастаӣ тавлид накарда ва ҳеч барномае низ барои ин кор надоштааст.
Сергей Лавров рӯзи сешанбе дар нишасти матбуотӣ бо Эриван Юсуф, вазири корҳои хориҷии Бруней Доруссалом, пас аз поёни музокироти дуҷониба дар Маскав афзуд: “Тавҷеҳи аслии Амрико ва Исроил барои оғози ҷанг, тавсеаи силоҳи ҳастаӣ дар Эрон буд, дар ҳоле ки ҳеч шоҳиде дар ин замина вуҷуд надорад”.
Вазири корҳои хориҷии Русия ҳамчунин, бо ишора ба изҳороти Стив Уиткофф, фиристодаи вижаи президенти Амрико ва намояндаи ин кишвар дар музокироти ғайримустақим бо Эрон, гуфт иддаои ӯ мабнӣ бар ин ки исрори Эрон бар ҳаққи ғайриқобили инкораш дар ғанисозии уран сабаби таҷовуз ба ин кишвар шудааст, суолбарангез аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”