Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
30 ҳазор сомонӣ бар ивази қатъи парвандаи ҷиноятӣ. Қаллобии кормандони ҳифзи ҳуқуқ ошкор шуд
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти ду корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод, ки бо ваъдаи қатъи парвандаи ҷиноятӣ аз шаҳрванде 30 ҳазор сомонӣ гирифтаанд.
Тавре ки маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, Саидзода Ҷ.С., ки аз 25-уми ноябри соли 2024 инҷониб дар вазифаи навбатдори калони оперативии шуъбаи назорати таҳлилии РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фаъолият мекард, бо ёрдамчии ҳамин шуъба Раҳмонзода А.У. моҳи июни соли 2025 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Ч.Г.А. даромада, аз номбурда бо боҳонаи қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбати писараш Ч.Э.Х., ки дар истеҳсолоти муфаттишони РВКД дар вилояти Хатлон қарор дошт, 30 сомонӣ гирифтаанд.
Гуфта мешавад, ки Саидзода Ҷ.С. ва Раҳмонзода А.У. баъди гирифтани маблағ ба манфиати шаҳрвандон Ч.Г.А. ва Ч.Э.Х. ягон амали муайянро иҷро накардаанд.
Иттилоъ дода мешавад, ки нисбати Саидзода Ҷ.С. ва Раҳмонзода А.У. бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдорӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардидааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”