27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
03.03.2026 16:42

Бақоӣ: “Интихоби мо ҳамеша дипломатия буд. Роҳи поёни ҷанг, қатъи таҷовуз аст”

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар посух ба суоле дар бораи шартҳои Теҳрон барои поёни ҷанг гуфт: “Ин таҷовузи низомӣ интихоби мо набуд. Интихоби мо ҳамеша дипломатия буд. Бо вуҷуди интиқодҳои густурдае, ки дар дохил аз дастгоҳи дипломатия мешуд ва бахше аз он бар ҷой буд, зеро таҷрибаҳои пешин нишон медод, ки гоҳе вуруд ба музокира чолишбарангез аст, дастгоҳи дипломатия бо шуҷоат масири худро идома дод ва ҳокимият низ аз ин раванд ҳимоят кард. Мо то лаҳзаи охир талош кардем вориди раванди ҷанг нашавем, аммо тарафи муқобил тасмим ба ҷанг гирифт”.

Исмоил Бақоӣ афзуд: “Роҳи таваққуфи ин ҷанг, қатъи таҷовуз аст. Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид вазифадор аст иқдом кунад. Гарчанде таҷрибаи гузашта нишон додааст, ки дар баъзе мавридҳо амал накардааст, аммо дар шароити кунунӣ ҳеч монеае ҷуз иродаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои анҷоми иқдом вуҷуд надорад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд пеш аз он ки дер шавад ва ҷанг доманадор ва густарда гардад, тасмим бигирад, то Шурои Амният ба вазифаҳои худ амал карда ва бо водор сохтани тарафҳои мутаҷовиз ба қатъи таҷовуз, амният пардозад ва суботро ба минтақа бозгардонад”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.