27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
03.03.2026 11:12

Санаи фарорасии Наврӯзи имсола дақиқ шуд

Тавре ки аз Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ дода мешавад, мувофиқи ҳисобҳои астрономӣ имсол Наврӯз рӯзи 20-уми марти соли 2026, соати 19:45:53 ба вақти Душанбе фаро мерасад.

“Маҳз дар ҳамин лаҳза маркази қурси Офтоб дар ҳаракати зоҳирии худ аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ мегузарад ва нуқтаи буриши масири Офтоб (эклиптика, доират-у-лбуруҷ) ва хати истивои осмон (экватор)-ро нуқтаи эътидоли баҳорӣ меноманд”, - зикр мегардад дар хабарнома.

Ёдовар мешавем, ки 22-уми март дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад. Дар доираи фестивали мазкур намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ойинҳои наврӯзӣ, бозиҳои миллии варзишӣ, пухтани таомҳои наврӯзӣ, либоси миллӣ ва имконияти хизматрасонии сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.