27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
03.03.2026 10:52

Мелания Трамп раёсати ҷаласаи Шурои амнияти СММ дар бораи кӯдакон ва омӯзиш дар мантақаҳои даргирро бар уҳда гирифт

Мелания Трамп, бонуи аввали Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, раёсати ҷаласаи Шурои Амнияти Созмони Милал дар бораи кӯдакон ва омӯзиш дар мантақаҳои даргирро бар уҳда гирифтааст.

Ин ҷаласа бо унвони “Кӯдакон, технология ва омӯзиш” рӯзи душанбе, 2-уми март баргузор шуда ва ҳадафи он таъкид бар омӯзиш ба унвони роҳе барои тарвиҷи сулҳ унвон шудааст.

Ин нахустин бор буда, ки ҳамсари як президент раёсати як ҷаласаи 15 узвии Шурои Амнияти Созмони Милалро бар уҳда мегирад.

Дафтари бонуи аввали Амрико эълом кардааст, ки Мелания Трамп хостори таваҷҷуҳи ҷаҳонӣ ба вазъияти кӯдакон ва нақши омӯзиш дар коҳиши хушунатҳо шудааст.

Ин ҷаласа ду рӯз пас аз ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эрон баргузор шуд, ки гузоришҳо дар бораи кушта шудани беш аз 160 нафар донишомӯзони эронӣ дар як мактаби духтарона дар шаҳри Минаб нигарониҳои Созмони Милал ва ЮНИСЕФ дар бораи амнияти кӯдакон дар минтақаро барангехтааст.

Эрон ин ҳамларо “шармовор ва риёкорона” хондааст.

ЮНИСЕФ низ эълом кардааст, ки ташдиди танишҳо дар Ховари Миёна “лаҳзае хатарнок барои миллионҳо кӯдак” эҷод карда ва хостори таваққуфи фаврии даргириҳо шудааст.

Мелания Трамп дар солҳои гузашта низ пайгири ҳимоят аз кӯдакон будааст ва аз ҷумла бо номае ба Владимир Путин, президенти Русия талош карда буд шуморе аз кӯдакони украиние, ки дар ҷараёни ҷанг ба Русия мунтақил шуда буданд, ба хонаводаҳояшон бозгарданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.