Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Гроссӣ: “Марказҳои атомӣ набояд ҳадафи ҳамла қарор гиранд. Дипломатия ягона роҳи ҳал дар мавзуи ҳастаии Эрон аст”
Мудири кулли Агентии байналмилалии энергияи атомӣ бо таъкид бар ин, ки таъсисоти ҳастаӣ ҳаргиз набояд ҳадафи амалиёти низомӣ қарор гиранд, шарҳ дод, ки бозгашт ба дипломатия ва музокира ягона роҳи ҳаллу фасли мавзуи ҳастаии Эрон аст.
Рафаэл Гроссӣ дар нишасти фаслии Шурои ҳукком, ки баъд аз ҷаласаи фавқулода дар бораи Эрон баргузор шуд, гуфт: “Ҳамон гуна, ки субҳи имрӯз гуфтам, Агентӣ дар пайи таҳаввулоти ахир дар Эрон ва минтақаи густардатари Ховари Миёна, пайваста ва дар чаҳорчӯби маъмурияти худ, бо таваҷҷуҳ бар эҳтимоли пеш омадани вазъиятҳои изтирории амалиёти низомӣ вокуниш нишон дод. Маркази ҳаводис ва фавриятҳои Агентӣ (IEC) дар ҳоли фаъолият аст ва шабакаи минтақавии баррасии бехатарӣ низ дар ҳолати омодабош қарор гирифта ва ба таври пайваста бо мо дар иртибот аст”.
Вай изҳор дошт: “То кунун ҳеч нишонае оид бар ҳадаф қарор гирифтани таъсисоти ҳастаӣ, чӣ дар Эрон ва чӣ дар дигар кишварҳои минтақа, дар ихтиёр надорем”.
Мудири кулли Агентӣ дар идомаи суханонаш чунин гуфт: “Талошҳо барои барқарории тамос бо ниҳодҳои нозири ҳастаии Эрон аз тариқи маркази ҳаводис ва фавриятҳои Агентӣ ҳамчунон идома дорад, аммо то кунун посухе дарёфт нашудааст. Умедворем ин канали иртиботии зарурӣ зудтар дубора барқарор шавад”.
Вай бо ишора ба иштироки худ дар раванди музокироти ҳастаӣ баён дошт: “Дар 16-уми феврал, дар Женева гуфтугӯҳои фаннии муфассале бо вазири корҳои хориҷии Эрон, ҷаноби Ироқчӣ, дар чаҳорчӯби омодагӣ барои музокироти рӯзи баъд баргузор кардам. Сипас, дар музокироти ғайримустақим миёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Эрон ҳузур ёфтам ва дар он ҷо гузинаҳо ва машваратҳое дар бораи масоили марбут ба ростиозмоии барномаи ҳастаии Эрон ироа кардам. Ман муътақидам ҳамаи мо эҳсоси амиқи ноумедии муштараке дорем аз ин ки дар он замон масири дипломатия ба натиҷа нарасид”.
Гроссӣ бидуни маҳкум кардани таҷовузи низомии режими Исроил ва Иёлоти Муттаҳида гуфт: “Ҳамлаҳои мусаллаҳона ба таъсисоти ҳастаӣ ҳаргиз набояд рух диҳад, зеро метавонад ба интишори маводи партуза бо паёмадҳои бад дар дохил ва фаротар аз марзҳои кишваре, ки чунин таъсисоте дар он ҳадаф қарор гирифтаанд, сабаб шавад. Дар чаҳорчӯби ҳадафҳои асосномаи Агентӣ, аз ҳамаи тарафҳо мехоҳам ҳадди аксари хештандориро барои ҷилавгирӣ аз ташдиди бештари танишҳо ба кор гиранд”.
Мудири кулли Агентии байналмилалии энергияи атомӣ бо такрори иддаоҳои сиёсӣ дар бораи Барномаи сулҳомези ҳастаии Эрон бар моварои бозгашт ба масири дипломатия ва музокирот таъкид ва тасреҳ кард: “Ин ягона роҳи дастёбӣ ба тазмини баландмуддат дар бораи ин ки Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст нахоҳад ёфт, аст”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”