Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Номаи Аббос Ироқчӣ ба ниҳодҳои байналмилалӣ ва вазирони хориҷии ҷаҳон
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар номае хитоб ба Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ки рӯнавишти он барои Комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милал ва вазирони хориҷаи кишварҳои ҷаҳон ирсол шудааст, мавзеи кишвари Эронро дар хусуси иртикоби ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи башарият аз сӯи Амрико ва Исроил дар ҷараёни таҷовузи низомӣ ба Эрон баён кард.
Вай навишт: “Афзун бар феҳристи тулонии ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи башарияти Иёлоти Муттаҳида ва режими Исроил алайҳи миллати Эрон, ҳадаф қарор додани омодонаи маконҳои ғайринизомӣ, ба вижа мактабҳо, марказҳои имдодрасонӣ ва манотиқи маскунӣ, нақзи фоҳиши усули мусалламаи ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона ва беэътиноии ошкор ба ибтидоитарин мулоҳизоти инсонӣ дар хусуси ҳаққи ҳаёти ғайринизомиён аст.
Бо таваҷҷуҳ ба ҷиноятҳои мустаҳмар иртикобёфта дар ҷараёни ин иқдоми таҷовузкорона ва ваҳшиёна аз сӯи Иёлоти Муттаҳида ва режими Исроил, Ҷумҳурии Исломии Эрон бо қатъият аз дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва соири ниҳодҳои зирабти байналмилалӣ мехоҳад, ки иқдомоти фаврӣ, моддӣ ва муассире барои маҳкумияти ин ҳамалоти ваҳшиёна, ҷилавгирӣ аз тадовуми ҷиноятҳо ва кумак ба муҳокимаи омилони он иқдом кунанд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”