Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Як медали тилло ва як медали биринҷӣ. Дастоварди ҷудокорони тоҷик аз Ӯзбекистон
Як медали тилло ва як медали биринҷӣ. Дастоварди ҷудокорони тоҷик аз Ӯзбекистон
Аз 27-уми феврал то 1-уми марти соли равон мусобиқаи “Tashkent Grand Slam-2026” дар Ӯзбекистон баргузор гашт, ки дар он 17 ҷудокор (13 мард ва 4 зан) аз Тоҷикистон ширкат карданд.
Аз мусобиқаи мазкур варзишгарони тоҷик як медали тилло ва як медалӣ бириҷӣ ба даст оварданд.
Ҷудокори ҷавони тоҷик Абдуллоҳи Ориф дар вазни то 73 кг баромад карда, рақобонаш Ҷошуа Грин аз Ирландия, Ҳоҷиакбар Тошев аз Ӯзбекистон, Арун Кумар аз Ҳиндустон, Ҷованни Эспосито аз Италия ва Шаҳром Аҳадов аз Ӯзбекистонро шикаст дода, дар вазни худ сазовори ҷойи якум ва медали тилло гардид.
Ҳамчунин, дар мусобиқаи “Tashkent Grand Slam-2026” варзишгари номдори тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг баромад карда, сазовори ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ шуд.
Иттилоъ дода мешавад, ки барандаҳои медали тилло дар ҳар як вазн 5000 евро, ҷойҳои дуюм 3000 евро ва зинаҳои сеюм 1500-евроӣ ба даст меоранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад