Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Нависандаи араб: “Сарнавишти мо дар минтақа муштарак аст. Пас аз Эрон ҳамаи мо ҳадафи саҳюнистҳо ҳастем”
Мамдуҳ Ал-Валӣ, нависандаи араб дар матлабе навишт, ки ҳадаф аз ҳамла ба Эрон аз байн бурдани тамоми душманони режими саҳюнистӣ аст ва сарнавишти ҳамаи кишварҳои минтақа муштарак аст, зеро душмани воқеии Амрико ва Исроил дини Ислом аст.
“Чӣ басо фахрфурӯшии Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, дар ба шаҳодат расондани раҳбари Эрон ва таъкид бар ин ки “мо ваъдаи тағйири Ховари Миёнаро додем ва акнун ин кор анҷом шуд” беҳтарин паём ба миллатҳои арабӣ ва исломӣ бошад, то маънои ҷанги муштараки Исроил ва Амрико алайҳи Эронро дарк кунанд ва бидонанд, ки ҳамагӣ дар бонки аҳдофи режими саҳюнистӣ қарор доранд.
Аз назари онҳо, бузургтарин хатар барои Исроил дини Ислом аст: Исломе, ки эҳсосотро таҳрик карда, умматро муттаҳид ва якпорча месозад ва онҳоро ба худкифоӣ даъват мекунад. Ба ҳамин далел, аз чандин даҳа пеш дур кардани мусулмонон аз дини Ислом ба як ҳадафи асосӣ барои душман табдил шуд: онҳо нахуст вориди бахшҳои омӯзишӣ шуданд, то мазмуни фарҳангӣ ва исломиро тағйир диҳанд, сипас ширкатҳое, ки дар фаъолияти иқтисодӣ хатти машии исломиро дар пеш гирифтанд, ҳадаф қарор доданд ва ҳатто талош карданд, ки фарзандони Исломро аз пайвастан ба артиши кишварҳояшон манъ кунанд” – навиштааст, Мамдуҳ Ал-Валӣ, нависандаи араб.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”