27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:53, Душанбе
02.03.2026 11:52

Сухангӯи қароргоҳи марказии Хотамуланбиёи Эрон: мавҷҳои ҷадиди “Ваъдаи содиқ 4” бо муваффақият иҷро шуд

Ҷумҳурии Исломии Эрон мавҷи ҳафтум ва ҳаштуми амалиёти “Ваъдаи содиқ 4”-ро пеш аз нисфирӯзии имрӯз ба самти аҳдофи амрикоӣ-исроилӣ бо шилликҳои пайдарпайи мушакҳо ва партоби пурдоманаи паҳподҳо анҷом додааст.

Гуфта мешавад, ки нови ҳавопаймобари Авраам Линколни Артиши Амрико бо чаҳор фарванд мушаки круз мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Пас аз ҳамла, ин нови Амрико аз маҳалли истиқрори маъмурияти худ ба самти ҷануби шарқи уқёнуси Ҳинд равона карда шудааст.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки пойгоҳи дарёии Алӣ ас-Солими Амрико дар Кувайт дар пайи ҳамлаҳои ахир комилан аз рӯйихати фаъолият хориҷ ва се созаи зерсохтии дарёии Муҳаммад ал-Аҳмади Амрико дар Кувайт низ нобуд карда шуданд.

“Пойгоҳи дарёии Амрико дар бандари Салмони Баҳрайн мавриди ҳамлаи чаҳор фарванд паҳпод қарор гирифта ва хисороти шадиде ба марказҳои фармондеҳӣ ва пуштибонии он ворид шудааст. Дар идомаи ҳамлаҳо ба аҳдофи дарёии Амрико, се нафткаши мутахаллифи кишварҳои Амрико ва Англия дар минтақаи Халиҷи Форс ва тангаи Ҳурмуз мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифта ва дар ҳоли сӯхтан аст”- мегӯяд сухангӯи қароргоҳи марказии Хотамуланбиёи Эрон.

Ҳамчунин, маҳалли истиқрори низомиёни амрикоӣ дар Баҳрайн бо ду мушаки болистик ва як қатор пойгоҳҳои амрикоӣ дар минтақа мавриди ҳамлаҳои пайдарпай қарор гирифтаанд, ки ин ҳамлаҳо мунҷар ба кушта ва захмӣ шудани 590 низомии амрикоӣ то ин лаҳза шудааст.

“Тезпарвозони Неруи ҳавоии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон низ соате пеш пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс ва иқлими Курдистони Ироқро тайи чанд марҳилаи амалиёт бо муваффақият бомбаборон карданд” - мегӯяд сухангӯи қароргоҳи марказии Хотамуланбиёи Эрон.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.