Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Имсол беш аз 352 ҳазор кас дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок намуданд
Тавре ки АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз 11-ум то 28-уми феврали соли равон дар муассисаҳои таълимӣ, корхонаву муассисаҳои гуногуни давлатию ғайридавлатӣ баргузор гардид.
Манбаъ меафзояд, ки дар даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 352 ҳазору 42 нафар иштирок намуданд.
Гуфта мешавад, ки соли 2026 барои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 миллиону 290 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст, ки дар муқоиса ба ба соли 2025 (6 миллиону 670 ҳазор) 1 миллиону 620 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» маъруфтарин озмуни китобхонӣ дар кишвар буда, имсол аз рӯйи чор номинатсия адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон баргузор мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”