27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
02.03.2026 09:59

Таърихдоне, ки шореҳи варзишӣ шуд. Пайраҳаи аҷиби Парвизи Маҳмадамин

1-уми март Телевизиони “Варзиш” даҳсола шуд. Ба ин муносибат Dialog.tj бо яке аз шореҳони маъруфи шабакаи мазкур Парвизи Маҳмадамин доир ба паҳлӯҳои гуногуни кораш суҳбат кард, ки фишурдааш манзури хонандагон мегардад. 

ИНТИХОБИ НИГАҲОНӢ

- Шумо хатмкардаи факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳастед. Бигӯед, ки чӣ хел ба журналистикаи варзишӣ пайвастед?

- Шавқу рағбати ман ба журналистикаи варзишӣ ва шореҳӣ ҳанӯз аз давраи мактабхонӣ пайдо шуда буд, зеро дар ноҳияи наздимарзӣ зиндагӣ мекардам ва дар шабакаҳои телевизионии кишвари ҳамсоя медидам, ки бо забони расмии давлатиашон намудҳои гуногуни варзишро шарҳу тавзеҳ медоданд. Он вақт дар шабакаҳои телевизионии мо қисман футболи дохилӣ ва чанд намуди гуштин бо забони тоҷикӣ шарҳ дода мешуданду халос. 

Соли 2010 ба факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шудам. Охири ҳамон сол Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарон мулоқот намуданд ва аввали соли 2011 Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки дар кишвари шабакаи нави телевизионӣ, ки соҳаи варзишро инъикос мекунад, таъсис дода мешавад. Ман ба озмун рафтам ва гузаштам. Аз моҳи феврал то май дар Телевизиони Тоҷикистон таҷрибаомӯзӣ гузаштам. Муддати се моҳ бо Каримхон Бекматов маҷаллаи Лигаи чемпионҳоро тарҷума карда, пешниҳод мекардем. Давраи таҷрибаомӯзӣ тамом шуд, вале таъсиси телевизион ба таъхир афтод. Соли 2015 дар бораи таъсиси Телевизиони “Варзиш” қарори Ҳукумат қабул шуд ва чун он вақт донишгоҳро хатм карда будам, ҳуҷҷатҳоямро супурдам. Қисса кӯтоҳ, 1-уми марти соли 2016 Телевизиони “Варзиш” ба фаъолият шуруъ кард. Боз дар озмун иштирок кардам ва барои мутобиқшавӣ як моҳ таҷрибаомӯзӣ гузаштам. Аз апрели соли 2016 расман ба кор қабул шудем.

- Модоме ки аз давраи мактабхонӣ ба журналистикаи варзишӣ шавқ доштед, чаро ба факултети таърих дохил шудед?

- Вақти мактабхонӣ дар олимпиадаи мактабӣ аз фанни таърих миёни литсейҳо дар ҷумҳурӣ ҷойи дуюмро гирифта будам ва ин ба ман имкон медод, ки ба факултети таърихи дилхоҳ мактаби олӣ бидуни имтиҳон дохил шавам. Аз ҷониби дигар, ман мехостам дар оянда ба таҳқиқ машғул шавам ва аслан дилбастагӣ ба соҳаи варзиш бароям ҳамчун шуғл буд.

- Тасаввур мекунем, ки агар соли 2016 Телевизиони “Варзиш” таъсис намеёфт, ҳоло шумо муаллими таърих мебудед?

- Бале, ба ҳайси муаллим ё ҳамчун ходими илмӣ кор мекардам ва дар соҳаи таърих ба таҳқиқ машғул мешудам. 

- Аҳли оила, атрофиён ба ин интихобатон чӣ гуна вокуниш карданд?

- Дар аввал онҳо мехостанд, ки роҳи илмро давом диҳам, вале ҳолате мешавад, ки тасмими ноҳоиро тавре мегирӣ, ки худат намедонӣ чӣ гуна шуд. Яъне, шуғли дӯстдошта ба кори асосӣ табдил меёбаду маҳз ба ҳамон восита зиндагиро таъмин мекунӣ. Ин интихоби огоҳона набуд, балки вақте дидам, ки барномаҳову гузоришҳоям нашр мешаванд ва зиндагиро аз ҳамин кор таъмин кардан мумкин аст, ба хулосае омадам, ки корамро давом диҳам беҳтар аст. 

ТЕЛЕВИЗИОНИ “ВАРЗИШ”

- Шумо аз ҷумлаи аввалин шореҳони “Варзиш” ҳастед. Дар солҳои аввали фаъолияти шабакаи мазкур эродҳову танқидҳо буданд, онҳоро чӣ гуна қабул мекардед?

- Дар яке аз китобҳои таърихӣ хонда будам, ки оғоз кардани ҳар коре мушкилтар аст, аз оне ки кореро идома медиҳӣ. Бояд бигӯям, ки бо он тарзе ки Телевизиони “Варзиш” барномаҳоро пешниҳод кард, барои кишвари мо тамоман чизи нав буд. Дар аввал барои ҳама, махсусан барои шореҳон душвор буд, зеро дар ҷое корро шуруъ кардем, ки замина набуд. Яку якбора аз мо забондонии хуб, дониши варзишӣ, донистани қонуни қоидаҳои навъҳои гуногуни варзиш ва ғайра талаб карда мешуд. Ҳамчунин, ҳамон соли аввали таъсиси шабака моро ду мусобиқаи сатҳи баланд Чемпионати Аврупо ва Ҷоми Амрико интизор буд, ки албатта, шарҳу тавзеи онҳо кори осон набуд. Кор ҳаҷман хеле бузург буд ва дар хотир дорам, ки ҳамон вақт ҳамкорони мо баъзан дар идора хоб мекарданд. Он шабурӯз мо эродҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мехондем ва барои ислоҳ кардани онҳо кӯшиш менамудем.

- Шореҳӣ чӣ душворӣ дорад?

- Ба фикрам мушкилтарин ҷузъи шореҳӣ ин надоштани реҷаи муайяни корист. Чун аксари бозиҳои футбол пас аз соати 20, яъне шаб, оғоз мешаванд ва ду соат ё зиёдтар идома меёбанд. 

- Барои шарҳ додани як бозӣ чӣ гуна омодагӣ мебинед?

- Мекӯшам доир ба дастаҳо маълумоти пурра дошта бошам. Ба аксари саҳифаҳои расмии дастаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои иттилоотию таҳлилӣ обуна ҳастам ва пеш аз оғози бозӣ навигариҳои дастаҳоро пайгирӣ мекунам. Маълумотҳои шубҳабарангезро бо ҳам муқоиса карда, дурустии онҳоро месанҷам. Бештар ба манбаъҳои расмӣ такя мекунам. Ҳамчунин, аз сомонаҳои варзишӣ доир ба вазъи феълӣ ва мавқеву хабарҳои нави дастаҳои рақобаткунанда маълумот мегирам. Сипас, бо ҳайати дастаҳо, ба тарзи ҷойгиршавӣ ва тактикаи мураббӣ шинос мешавам. Дар вақти бозӣ бошад, бисёртар кӯшиш мекунам, ки дар бораи рафти рақобат гап занам ва маълумоте, ки ҷамъ карда будам, дар ҷойҳои муайян истифода мекунам. 

- Оё вақти пахши мустақим ягон хатои дағал кардаед?

- Бале, чунин ҳолат буд. Фикр мекунам, шореҳ бояд ба ҷуз варзишгарон бояд шахсони саршиноси соҳаҳои гуногунро низ бишносад ва ҳадди ақал дар кадом самт фаъолият карданашонро бидонад. Ҳолате буд, ки пеш аз оғози бозие ба хотири Эннио Морриконе дақиқаи хомӯшӣ эълон карданд. Ростӣ, он касро намешинохтам ва ман гуфтам, ки ин дақиқаи хомӯшӣ ба хотири касест, ки дар футбол саҳм гузоштааст. Аммо вақте ки номи ӯро дар интернет ҷустуҷӯ кардам, дидам, ки оҳангсозӣ маъруф будааст. Ҳамчунин, ҳолати дигар ҳам буд. Дарвозабони тими миллии футзали кишвар Фирӯз Бекмуродов ном дораду коргардони телевизиони мо Фирӯз Бахтибеков, вақти шарҳи бозӣ ба ҷойи Фирӯз Бекмуродов ному насаби коргардонро ба забон овардам. Ин бештар тасодуф буд.

- Маълум аст, ки шореҳ бояд эҳсосашро идора кунад ва фарзи мисол шумо дастаи “Реал Мадрид”-ро мухлисӣ мекунед, бигӯед, ки “Эл-классико”-ро чӣ гуна шореҳӣ мекунед? Оё эҳсосро идора карда метавонед?

- Ин кор баъзан вақт бисёр мушкил мешавад. Махсусан, дар бозиҳои бузург шореҳ чизе гӯяд ҳам мухлисон барои эрод гирифтан сабаб ё баҳона меёбанд. Бисёр вақт мухлисон хато мефаҳманд, зеро фикр мекунанд, ки таърифи “Барселона” паст задани “Реал Мадрид” аст ё баръакс. Вале ин тавр нест, шореҳ дар вақти бозӣ таъриху ҷоизаҳои дастаҳоро намегӯяд, балки дар бораи ҳамон як бозӣ мегӯяд. Ба ҳар ҳол, рӯз аз рӯз ҳолат беҳтар шуда истодааст ва шореҳон низ кӯшиш мекунанд, ки дар бозиҳои ҳассос вақти шарҳдиҳӣ ба эҳсосот дода нашаванд. 

- Шумо солҳои 2020 ва 2023 “Шореҳи сол” шудед. Бигӯед, ки ин ҷоиза ба шумо чӣ доданд?

- Аслан, ин ҷоизаҳо он қадар муҳим нестанд, зеро ба назари ман муҳим эътирофу муҳаббати мухлисон аст. Ин ҷоизаҳо маҳбубиятро назди мардум каму зиёд намекунанд, чун ки метавонанд чандсол пайи ҳам бошанд ва боз метавонанд умуман набошанд. 

- Телевизиони “Варзиш” даҳсола мешавад ва шумо низ ин муддат ин ҷо фаъолият мекунед. Бигӯед, ки дар ин даҳ сол боре фикри аз кор рафтанро кардед?

- Ростӣ, чунин фикр карда будам, аммо на ба хотири пурра рафтан, балки барои каме дур шудану худро барқарор кардан, вале нашуд, натавонистам. 

ИН Ё ОН?

- Финали Ҷоми ҷаҳон ё финали Лигаи чемпионҳо?

- Финали Ҷоми ҷаҳон.

- Гол дар дақиқаи 90+ ё голи зебо аз масофаи дур?

- Агар вобаста ба муҳимият бошад, гол дар дақиқаи 90+, вале агар барои зебоӣ бошаду тақдири бозӣ ҳал нашавад, голи зебо аз масофаи дур.

- Шореҳи эҳсосӣ ё шореҳи ором?

- Шореҳи нисбатан ором.

- Варзишгари боистеъдоду тамбал ё меҳнатдӯсту камистеъдод?

- Меҳнатдӯсту камистеъдод рушд карда метавонад.

- Варзишгари таърихсоз ё рекордшикан?

- Варзишгари таърихсоз.

- Тими миллӣ ё бошгоҳ?

- Барои ман бозии мунтахабҳо писанд аст.

- Мураббии сахтгир ё мураббие, ки дӯстона рафтор мекунад?

- Дар мо ҳар ду. Дар дастаҳои қавии аврупоӣ варианти дуюм.

- Футбол бо VAR ё бидуни VAR?

- Ҳоло бо VAR, зеро қисман ҳам бошад адолат барқарор мешавад. 

- Беҳтарин бозии таърих ва беҳтарин бозингари таърих?

- Беҳтарин бозие, ки ман дидам ин даври нимниҳоии Ҷоми ҷаҳон миёни мунтахабҳои Олмон ва Бразилия (7-1) буд. Беҳтарин бозингаре, ки ман эътироф мекунам, Месси аст.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.