Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Номаи Ироқчӣ ба Созмони Милал ва Шурои амният дар пайи қатли Оятуллоҳ Хоманаӣ
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар пайи таҷовузи Амрико ва Исроил ба Эрон ва кушта шудани Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ, раҳбари Инқилоб Инқилоби Исломии Эрон, дар номае ба Дабири кулли Созмони Милал ва Шурои Амният гуфт: “Чунин ҳамлае паёмадҳои амиқ ва густарда дар пай дорад, ки масъулияти комили он мунҳасиран бар уҳдаи муртакибон аст”.
Дар ин нома омадааст: “Дар ҷараёни силсилае ҷадид аз иқдомоти таҷовузкорона, аз пеш таҳрикнашуда ва фоқиди ҳар гуна тавҷеҳ алайҳи ҳокимият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Амрико ва режими Исроил ба таври омодона олирин мақоми расмии як давлати узви мустақили Созмони Милали Муттаҳид, яъне раҳбари муаззами Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаиро дар таърихи 28-уми феврали 2026 ҳадаф қарор доданд.
Чунин иқдоме муҷиби эҷоди руҳияе хатарнок ва бесобиқа мешавад, ки ҳанҷорҳои асосии ҳокимияти давлатҳо ва рафтори мутамаддинона миёни миллатҳоро ҳадаф қарор медиҳад. Руасои кишварҳо таҷалли ҳокимияти миллатҳои худ буда ва вифқи ҳуқуқи байналмилал, таъаррузнопазир, муҳтарам ва масун ҳастанд: аслӣ ки барои анҷоми мустақилонаи вазифаҳои расмиашон зарурат дорад.
Бинобар ин, ҳадаф қарор додани омодонаи олитарин мақоми расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон, нақзи фоҳиш ва бесобиқаи бунёдитарин ҳанҷорҳои ҳоким бар равобити миёни давлатҳо маҳсуб мешавад. Чунин рафторе сирфан нақзи усули мустақарри ҳуқуқи байналмилал нест, балки ба гунае бепарво, боиси вуқуи мушкилоти пешбининашудаи хатарноке хоҳад шуд ва олудаи тасовии ҳокимиятии давлатҳо ва суботи низоми байналмилалиро тазъиф мекунад.
Илова бар ин, Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Ҷумҳурии Исломии Эрон, на танҳо олирин мақоми расмии кишвар, балки шахсияти динӣ ва мавриди эҳтиром барои даҳҳо миллион мусулмон дар минтақа ва саросари ҷаҳон ҳастанд. Чунин ҳамлае паёмадҳои амиқ ва густарда дар пай дорад, ки масъулияти комили он мунҳасиран бар уҳдаи муртакибон аст.
Вазири корҳои хориҷии Эрон ҳамчунин, таъкид кард: “Ин амр ба ҳеч ваҷҳ нофии ҳаққи зотӣ ва мусаллами Ҷумҳурии Исломии Эрон барои дифоъ аз ҳокимият, тамомияти арзӣ ва мардуми худ дар интибоқи комил бо моддаи 51-и Оинномаи Милали Муттаҳид нахоҳад буд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”