Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Баёнияи Вазорати хориҷии Эрон: Ҳоло вақти ҳимояи Ватан ва муқобила бо таҷовузи низомии душман аст
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон чанде пеш баёнияе дар бораи ҳамлаи Исроил ва Амрико ба хоки кишвари Эрон нашр кард, ки дар он Созмони Милал ва Шурои Амнияти онро барои иқдоми фаврӣ ба хотири муқобила бо нақзи сулҳ ва амнияти байналмилалӣ, ба далели таҷовузи низомии ошкори Амрико ва Исроил алайҳи Эрон хотирнишон мекунад ва аз Дабири кулли Созмони Милал, раиси Шурои Амният ва узвҳои ин шуро мехоҳад, ки ҳарчи зудтар ба вазифаи худ амал кунанд.
Матни пурраи баёния:
“Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон.
Мардумони қаҳрамон ва шарифи Эрон,
Ҳамватанони эронӣ,
Ватани муқаддас ва азизамон, Эрони сарбаланд ва тамаддунсоз, боз ба таҷовузи низомии ҷинояткоронаи Амрико ва режими саҳюнистӣ рӯбарӯ шуд.
Амрико ва режими саҳюнистӣ субҳи имрӯз дар арафаи Наврӯз ва дар даҳумин рӯзи моҳи мубораки Рамазон, бо нақзи равшани тамомият ва ҳокимияти миллӣ, як қатор ҳадафҳо ва зерсохтҳои дифоӣ ва ҷойҳои ғайринизомӣ дар шаҳрҳои мухталифи кишвари моро ҳадаф қарор доданд.
Таҷовузи низомии дубораи Амрико ва режими саҳюнистӣ алайҳи Эрон дар ҳолест, ки Эрон ва Амрико дар миёни раванди дипломатӣ қарор доштанд. Мо, гарчанде аз ниятҳои Амрико ва режими саҳюнистӣ барои анҷоми таҷовузи дигари низомӣ огоҳ будем, боз ҳам барои хотима додан ба баҳс бо низоми байналмилалӣ ва тамоми кишварҳои ҷаҳон вориди музокирот шудем, то ҳаққонияти миллати Эронро собит намоем ва ғайриқонунии ҳар гуна баҳонаи таҷовузгариро нишон диҳем.
Ҳоло мардумони Эрон сарбаланд ҳастанд, ки барои пешгирӣ аз ҷанг, ҳама чизеро, ки лозим буд, анҷом доданд. Ҳоло вақти ҳимояи Ватан ва муқобила бо таҷовузи низомии душман аст. Мо ҳамон тавре, ки барои музокирот омода будем, барои ҳимояи ҳастии Эрон низ аз ҳар вақти дигар омодатар ҳастем. Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо қудрат ҷавоби таҷовузгаронро хоҳанд дод.
Ҳамлаҳои ҳавоии режими саҳюнистӣ ва Амрико ба Эрон, нақзи банди 4-и моддаи 2-и Низомномаи Созмони Милал ва таҷовузи мусаллаҳи ошкори алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон аст. Ҷавоб ба ин таҷовуз ҳуқуқи қонунии Эрон мувофиқи моддаи 51-и Низомномаи Созмони Милал аст ва Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз тамоми қудрат ва имкониятҳои худ барои муқобила бо ин таҷовузи ҷинояткорона ва рафъи шарри душман истифода хоҳанд кард.
Ҷумҳурии Исломии Эрон вазифаи сангини Созмони Милал ва Шурои Амнияти он барои иқдоми фаврӣ ба хотири муқобила бо нақзи сулҳ ва амнияти байналмилалиро ба далели таҷовузи низомии ошкори Амрико ва режими саҳюнистӣ алайҳи Эрон хотирнишон мекунад ва аз Дабири кулли Созмони Милал, раиси Шурои Амният ва узвҳои ин шуро мехоҳад, ки ҳарчи зудтар ба вазифаи худ амал кунанд.
Аз тамоми давлатҳои узви Созмони Милал, ба вижа кишварҳои минтақа ва исломӣ, аъзои ҷунбиши адами тааҳҳуд ва ҳамаи давлатҳое, ки нисбат ба сулҳ ва амнияти байналмилалӣ эҳсоси масъулият мекунанд, интизор меравад, ки ҳамзамон бо маҳкум кардани қатъии ин амалҳои таҷовузкорона, иқдоми фаврӣ ва дастаҷамъона барои муқобила бо он, ки бешак барои сулҳ ва амнияти минтақа ва ҷаҳон, ки таҳдиди бесобиқа эҷод кардааст, анҷом диҳанд.
Ҳоло дар замоне, ки озмоиши бузурги таърих фаро расидааст, Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо илҳоми мероси бузурги ҳимматии ин сарзамин ва бо такя ба Худои мутаъол, бо имон ба ваъдаи ёрии Худо ва бо такя бар қудрати миллӣ, дар ҳимояи ҷасури ватани азизамон шак намекунанд.
Таърих шаҳодат медиҳад, ки эронӣ ҳеч гоҳ дар баробари таҷовузи бегонагон сар ба таслим нафуровардаанд: ин бор низ ҷавоби миллати Эрон қатъӣ ва муайянкунанда хоҳад буд ва таҷовузгаронро аз амалҳои ҷинояткориашон пушаймон хоҳад кард.
Поянда бод Эрон!
Вазорати корҳои хориҷӣ”
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”