26 Ноябр 2026,
панҷшанбе, 15:40, Душанбе
28.02.2026 11:26

Исроил бо шиканҷаи ҷисмонӣ ва равонии асирон, иродаи онҳоро ҳадаф қарор додааст

Як коршинос оид ба асирони фаластинӣ, шиканҷаи онҳо дар зиндонҳои Исроилро сиёсати барномарезишуда донист, ки ба ҳадафи шикастани иродаи асирон ва интиқом аз онҳо анҷом мешавад.

Ба гузориши хабаргузории “Шаҳоб”, Мунқиз Абуатвон, коршиноси умури асирони фаластинӣ гуфт: “Ишғолгарон бо фикри ошкори интиқомҷӯёна бо асирони фаластинӣ бархӯрд мекунанд, ки нишондиҳандаи як сиёсати ҳадафманд бо мақсади шикастани ирода ва таҳмили дард ва ранҷ бар онҳост”.

Абуатвон баён кардааст: “Ишғолгарон асирони фаластиниро масъули амалиёти “Тӯфони Ақсо” дар 7-уми октябри соли 2023 медонанд ва дар натиҷа онҳоро ба усулҳои мухталиф таҳти шиканҷа қарор медиҳанд, ки шомили саркӯб, озору азият ва шиканҷаи ҷисмонӣ ва равонӣ дар зиндонҳо ва боздоштгоҳҳо, латукӯби шадид бо чӯбдаст, дастбанд задани тӯлонӣ ва маҷбур кардани асирон ба роҳ рафтан дар ҳавлии зиндон дар ҳоле ки поҳояшон ба занҷир баста шудааст, мебошад”.

Абуатвон таъкид кард: “Асирони фаластинӣ дар зиндонҳои Исроил аз асоситарин ҳуқуқи мазҳабии худ маҳрум ҳастанд ва ба далели қатъи иртибот бо ҷаҳони хориҷ ва набуди расонаҳо, аз оғози моҳи Рамазон бехабар мондаанд”.

Вай афзуд: “Идораи зиндонҳои Исроил аз ироаи ҳар гуна иттилоъ марбут ба муносибатҳои мазҳабӣ ба зиндониён худдорӣ мекунад, ки ин амр ранҷи равонии онҳоро зиёд кардааст”.

Ин коршиноси умури асирон баён кард: “Ончи дар зиндонҳои Нақаб, Уфер, Нафҳа ва Рамон, илова бар марказҳои боздошти зиндониёни Навори Ғазза иттифоқ меафтад, як воқеияти талх ва шармовар аст”.

Вай ба истифода аз равишҳои ғайриинсонӣ дар бархӯрд бо зиндониён, ба вижа зиндониёни Ғазза ишора карда ва эълом дошт: “Нигарониҳои рӯзафзуне аз вуқуи қатл ё эъдом дар дохили марказҳои боздошт бидуни эъломи расмӣ вуҷуд дорад”.

Абуатвон баён кард: “Иқдомҳои ишғолгарон маҳдуд ба шиканҷаи ҷисмонӣ нест, балки ба шиканҷаи равонӣ низ густариш меёбад ва ин аз тариқи ироаи ахбори дурӯғин дар бораи шаҳодати бастагон ё тахриби хонаҳояшон ба асирон сурат мегирад”.

Ӯ ба авҷи бемориҳои пӯстии миёни асирони фаластинӣ ишора карда ва гуфт: “Ишғолгарон дар ҳоли азнавгирии тасмимҳое бо ҳадафи зиёд кардани маҳдудиятҳо барои асирон ва маҳрум кардани онҳо аз ҳуқуқи ибтидоии худ ҳастанд. Ин иттифоқ дар миёни сукути нигаронкунандаи байналмилалӣ рух медиҳад”.

Абуатвон аз нақши созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар, ба вижа Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх интиқод кард ва гуфт: “Онҳо аз 7-уми октябр ҳеч боздиде аз зиндониён анҷом надодаанд, бо вуҷуди он ки аз маргҳои мустанад дар зиндонҳо огоҳ будаанд. Вазъияти асирони фаластинӣ нишондиҳандаи сиёсати интиқомҷӯёнаи пайвастаи Исроил аст ва ҷомеаи байналмилалӣ бояд барои муҳофизат аз ҷони асирон ва ҳимояи ҳуқуқи ибтидоии инсонии онҳо иқдоми фаврӣ анҷом диҳад”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.11.2026 12:58

Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон ҳамроҳи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дар деҳаи Маликдашти ҷамоати деҳоти Кӯҳаншаҳр корхонаи истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонии «Нони Модар»-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:55

Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, прокурори генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар деҳаи Деҳлоли ҷамоати деҳоти Чашмасорони ноҳияи Муъминобод бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:54

Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж

25-уми ноябр дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж дар доираи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём бо иштироки Оркестри давлатии симфонӣ ва ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукӯҳи консертӣ баргузор гардид.
26.11.2026 09:41

Ким Чин Ин хостори тавлиди бештари силоҳҳои ҳастаии тактикӣ шуд

Ким Чин Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ, таъкид кардааст, ки силоҳҳои ҳастаии тактикӣ бояд дар бахшҳои гуногун ҷойгир ва иқтидори истеҳсоли маводи ҳастаӣ дар кишвараш афзоиш дода шавад.
26.11.2026 09:16

Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад

Шурои Иттиҳоди Аврупо ҷудо кардани 45 миллиард евро барои Украинаро тасвиб кард. Ин маблағ бахше аз барномаи дусолаи кумаки молӣ ба Киев аст, ки ҳаҷми умумии он 90 миллиард евроро ташкил медиҳад.
25.11.2026 17:40

Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад

Миллионҳо хонавода дар Британия аз оғози соли нави мелодӣ бо афзоиши назарраси хароҷоти неруи барқ ва газ рӯбарӯ мешаванд. Мақомоти танзимкунандаи бозори энержии ин кишвар эълон кардаанд, ки ҳадди ниҳоии нархи барқ ва газ барои сокинон 26 дарсад боло бурда мешавад. Ин тасмим дар ҳолест, ки болоравии нархи газ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва танишҳо дар Ховари Миёна ба бозори энержии Британия таъсир расонидаанд.
25.11.2026 17:28

Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод

Ройтерз аз қавли як таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ Раҷаб Сафаров навишт, ки фишори Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Владимир Путин дар вақти сафар ба шаҳри Душанбе натиҷаи баръакс дод. Ӯ гуфтааст, ки қарори Тоҷикистон дар бораи хуруҷ аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ба афзоиши сиёсисозии фаъолияти ин ниҳод рабт дорад.
25.11.2026 14:38

Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст

Мақомоти Русия мегӯянд, ки ҳамлаҳои паҳподии Украина ба чанд минтақаи ин кишвар дар шаби гузашта идома ёфта, дар натиҷаи он як нафар кушта ва хисороти молӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар баъзе минтақаҳо қатъи неруи барқ гузориш шудааст.
25.11.2026 14:28

Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард

Си Ҷинпин, роҳбари Ҷумҳури мардумии Чин эълон кардааст, ки Пекин аз талошҳои мардуми Фаластин барои расидан ба ҳуқуқҳои қонунии миллии худ қатъиян пуштибонӣ мекунад. Ӯ ҳамчунин, ҳар гуна кӯшиши ишғоли сарзаминҳои Фаластин ва нақзи ҳуқуқи мардуми ин кишварро маҳкум карда, онро ғайриқобили қабул донистааст.