27 Сентябр 2026,
якшанбе, 22:02, Душанбе
28.02.2026 11:03

Созмони Милал: Дар соли гузашта наздики 8000 нафар дар роҳи муҳоҷират ҷон бохтанд

Тибқи гузориши “Рейтерз” Созмони Милали Муттаҳид эълом кардааст, ки дар соли гузашта наздик ба 8000 тан дар роҳҳои хатарноки муҳоҷират монанди Баҳри Миёназамин ҷони худро аз даст дода ё нопадид шудаанд.

Хабаргузории “Рейтерз” рӯзи панҷшанбе, 26-уми феврал ба нақл аз Созмони Милал гуфтааст, ки шумори воқеии қурбониён эҳтимолан бисёр болотар аст, зеро коҳиши будҷа дастрасии башардӯстона ва пайгирии маргҳои марбут ба паноҳҷӯёнро маҳдуд кардааст.

Созмони байналмилалии муҳоҷират (IOM) гуфтааст, ки масирҳои қонунии муҳоҷират дар ҳоли коҳиш аст ва ин мавзуъ афроди бештареро ба дасти қочоқчиён месупорад.

Эйми Поп, мудири кулли Созмони байналмилалии муҳоҷират дар баёнияе гуфтааст: “Идомаи аз даст рафтани ҷони инсонҳо дар роҳҳои муҳоҷират як шикасти ҷаҳонӣ аст, ки наметавонем онро одӣ бидонем”.

Ӯ афзудааст, вақте ки масирҳои амн дар дастрас набошад, мардум маҷбур ба сафарҳои хатарнок ва супурдани худ ба дасти қочоқчиён мешаванд, ки ин ниёзманди густариши масирҳои амн ва қонунии муҳоҷират аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.