Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Иддаои Трамп: “Мехоҳам бо Эрон тавофуқ кунам”
Раиси ҷумҳури Амрико аз идомаи музокирот бо Эрон хабар дод ва муддаии тамоюл барои тавофуқ шуд.
Ба гузориши расонаҳои байналмилалӣ раиси ҷумҳури Амрико, шаби ҷумъа пеш аз сафар ба Техас дар ҷамъе аз хабарнигорон, бо такрори иддаоҳои гузашта муддаӣ шуд: “Эрон наметавонад силоҳи атомӣ дошта бошад”.
Вай дар бахши дигари суханони худ иддао кард: “Аз равиши музокироти Эрон розӣ нестам, аммо интизор меравад музокироти бештаре рӯзи ҷумъаи оянда баргузор шавад”.
Доналд Трамп гуфт, ки хоҳони бо Эрон ба тавофуқ расидан аст.
Ӯ дар посух ба суоле дар бораи эҳтимоли моҷароҷӯии низомӣ алайҳи Эрон муддаӣ шуд: “Намехоҳам, аммо гоҳе маҷбур мешавам”.
Вай иддао кард: “Эрон ҳарфи тиллоии “на ба силоҳи ҳастаӣ”-ро намегӯяд.
Раиси ҷумҳури Амрико гуфт: “Хоҳем дид дар мавриди Эрон чӣ иттифоқе меафтад, ҳама чиз хуб пеш хоҳад рафт”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”