27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
28.02.2026 07:19

То соли 2030 фарогирии ба таҳсилоти томактабӣ бояд аз 50 фоиз зиёд шавад

27-уми феврал таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре ки хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад, нахуст гузориши вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода оид ба Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 шунида шуд.

Таъкид шуд, ки барнома бо мақсади идома бахшидан ба раванди босуръати сохтмони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, фароҳам овардани муҳити мусоиди таълиму тарбияи кӯдакон, васеъ намудани дастрасии босифат ба ин зинаи таълиму тарбияи насли наврас ва такмили сатҳи тахассусии кадрҳои соҳа таҳия гардидааст.

Иттилоъ дода мешавад, ки то охири татбиқи барнома 800 муассисаи нави ин соҳа бунёд ёфта, фарогирии кӯдакони аз 3 то 6-сола бо таҳсилоти томактабӣ дар кишвар бояд ба зиёда аз 50% расонда шавад.

Дар ин росто, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва нақшаи амалигардонии он тасдиқ ва оид ба амалигардонии он ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод карда шавад.

Таъкид гардид, ки муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ то деҳоти дурдаст дар ҳама ҷо бояд вуҷуд дошта бошанд.

Инчунин, дар кори маҷлис оид ба Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 гузориши директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Мирзо Хуршед шунида шуд.

Таъкид гардид, ки барнома масири ояндаи рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавассути мушаххасу дақиқ муайян намудани самтҳои дахлдори афзалиятнок ва вазифаҳои миёнамуҳлати алоқаманд, муқаррар менамояд.

Зикр карда шуд, ки барои татбиқи барнома 2 миллиарду 366 миллиону 800 ҳазор сомонӣ зарур аст ва он аз ҳисоби буҷети давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд маблағгузорӣ карда мешавад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки вазорату идораҳои дахлдор амалигардонии барнома ва нақшаи татбиқи онро таъмин карда, аз натиҷаи он ҳар сол то 1-уми март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.