Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ахбори зидду нақиз аз кушта шудани Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари Толибон
Гузоришҳои таъйиднашуда ва ғайрирасмӣ гувоҳи он аст, ки Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари гурӯҳи террористии Толибони Афғонистон дар ҳамлаҳои ҳавоии Покистон кушта шудааст.
Расонаи “Афғон таймз” дар шабакаи иҷтимоии “Икс” муддаӣ шуд: “Гузоришҳо нишон медиҳанд, ки Ҳайбатуллоҳ Охундзода ҳамроҳ бо фармондеҳони аршади Толибон дар ҳамлаҳои ҳавоии Покистон ба қароргоҳи ин гурӯҳ дар Кобул кушта шудаанд”.
Ин гузоришҳо ҳанӯз ба таври расмӣ таъйид нашудаанд ва “Афғон таймз” дар матни дигаре изофа кардааст, ки ҳарчанд кушта шудани Мулло Ҳайбатуллоҳ қобили таъйид нест, аммо то кунун иртиботе бо вай барқарор нашудааст.
Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ дар давраи ҳукуматдории гурӯҳи террористии Толибон ва қабл аз расидан ба муовинат ва раҳбарии ин гурӯҳ “қозиюлқузот” буд ва судури бисёре аз фатвоҳои аҷибу ғариби Толибон тавассути ӯ анҷом мегирифт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”