Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Иддаои Толибон: Марказҳои низомии Покистон дар Исломобод ва Эбатободро бомбаборон кардем
Дар пайи ташдиди даргириҳо, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи террористии Толибон иддао карда аст, ки неруҳои ҳавоии ин гурӯҳ марказҳои низомии Покистон дар Исломобод, Эбатобод ва Нушаҳрро ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор додаанд.
Муҷоҳид соате пеш (рӯзи ҷумъа, 27-уми феврал) гуфта аст, ки ин ҳамлаҳо дар вокуниш ба бомбаборони Кобул ва Қандаҳор тавассути Покистон анҷом шуда аст.
Ӯ таъкид карда, ки Толибон “маҷбур ба ҳадаф қарор додани марказҳои низомии Покистон” шудаанд.
Муҷоҳид ҳушдор дода, дар сурати идомаи ҳамла, доманаи даргириҳо густариш хоҳад ёфт ва Покистон бо паёмадҳои бештаре мувоҷеҳ хоҳад шуд.
Бо ин ҳол, ҳукумати Покистон ин ҳамлаҳои паҳподӣ дар Исломобод ва Эбатободро ба таҳрики Толибони покистонӣ нисбат дода ва эълом карда, ки паҳподҳо нобуд карда шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”