Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ироқчӣ: “Пешрафти бештаре дар музокирот бо Амрико ҳосил шудааст”
Вазири корҳои хориҷаи Эрон бо изҳори ризоят аз музокироти рӯзи гузашта, навишт, ки тимҳои фаннӣ низ дар Вена гирди ҳам хоҳанд омад.
Сайид Аббос Ироқчӣ дар шабакаи иҷтимоии “Икс” навишт: “Пешрафти бештаре дар муносибати дипломатии мо бо Иёлоти Муттаҳида ҳосил шудааст”.
Ӯ афзуд: “Ин давр аз музокирот фишурдатарин марҳила то кунун буд. Ин гуфтугӯҳо бо ин дарки мутақобил ба поён расид, ки дар хусуси мавзуҳои асосӣ барои ҳар гуна тавофуқ, аз ҷумла лағви таҳримҳо ва гомҳои муртабит бо ҳавзаи ҳастаӣ, ба сурати ҷузъитар ва дақиқтар ба гуфтугӯҳо идома хоҳем дод”.
Вазири корҳои хориҷии Эрон, инчунин, навишт, ки дар баробари масири сиёсӣ, гурӯҳҳои техникӣ дар рӯзҳои наздик дар Вена мулоқот хоҳанд кард. Ӯ таъкид кард, ки “маъмурияти онҳо ба ҳамон андозаи маъмурияти мо ҳаётӣ ва муҳим аст”.
Ироқчӣ дар поён бо ташаккур аз Умон ва Швейтсария навишт: “Аз Умон ба хотири миёнҷигариҳои пайваста ва муассараш қадрдонӣ мекунем ва маротиби сипоси худро аз Швейтсария барои мизбонии даври дигаре аз музокирот иброз медорем”.
Даври севуми музокироти ҳастаии ғайримустақими Эрон ва Амрико бо воситаи Умон панҷшанбе, 26-уми феврал дар ду навбат: субҳ ва аср дар Женева баргузор шуд. Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷаи Эрон ва Стив Уиткофф, намояндаи вижаи Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико раёсати ин давр аз музокиротро мисли давраҳои қабл бар уҳда доштанд ва боз ҳам Бадр ал-Бусаидӣ, вазири хориҷаи Умон воситаи ин даври музокирот буд.
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷаи Эрон панҷшанбе пас аз поёни даври севуми музокироти Эрон ва Амрико дар хусуси масоили матраҳшуда дар ин давр аз музокирот изҳор дошт: “Яке аз ҷиддитарин давраҳои музокиротии мо буд. Ҳам ба сурати ғайримустақим баҳсҳо байни ду тараф табодул шуд. Дар ин чандин соати тӯлонӣ пешрафти хубе доштем ва ҷиддӣ вориди аносири як тавофуқ шудем”.
Ироқчӣ тасреҳ кард: “Роҷеъ ба бархе аз масоил наздик шудем. Табиист ихтилофи назар дорем, аммо беш аз гузашта ҷиддият дар ду тараф вуҷуд дошт. Қарор шуд тимҳои фаннӣ душанбе дар Вена корҳои фанниро шуруъ кунанд, то ба як чорчӯб ва қолаб бирасем”.
Як мақоми болои амрикоӣ низ ба “Аксиос” гуфт, ки гуфтугӯҳои ҳастаӣ бо Эрон мусбат будааст, аммо аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”