Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Қабули ҳуҷҷатҳо барои дарёфти Стипендияи “Дурахшандагон” идома дорад
Тибқи иттилои Маркази барномаҳои байналмилалӣ, қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” ҷараён дошта, то 1-уми апрели соли ҷорӣ идома хоҳад кард.
Барнома мазкур барои зинаҳои бакалавриат, магистратура, резидентура, ординатураи клиникӣ, аспирантура, докторантура ва таҷрибаомӯзӣ пешбинӣ гардидааст.
Таъкид мегардад, ки ба ғолибони Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» суғуртаи тиббӣ, роҳкиро, маблағи хобгоҳ, маблағи таҳсил ва ҳамзамон ҳар моҳ 500 доллари амрикоӣ стипендия пардохт карда мешавад.
Гуфта мешавад, ки касоне, ки мехоҳанд дар барномаи мазкур иштирок кунанд ва дар хориҷи кишвар таҳсил намоянд, барои дастрас кардани маълумоти зарурӣ ва номгӯи ҳуҷҷатҳо ба Маркази барномаҳои байналмилалӣ муроҷиат намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад