Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Хоҷа Осиф: “Сабри Покистон лабрез ва “ҷанги ошкор” оғоз шудааст”
Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири дифои Покистон, Толибони Афғонистонро “ғайриқобили эътимод ва намояндаи Ҳинд” тавсиф карда ва гуфта, ки ин гурӯҳ мардуми худро аз ҳуқуқи инсонӣ маҳрум ва ҳуқуқи занонро поймол кардааст.
Хоҷа Осиф рӯзи панҷшанбе, 26-уми феврал дар “Икс” навишта, ки пас аз хуруҷи неруҳои НАТО интизор мерафт Толибон рӯйи манофеи мардуми Афғонистон ва ҳифзи амнияти минтақа тамаркуз кунанд, аммо ин гурӯҳ кишварро ба бистаре барои таҷаммуи террористҳо ва содир кардани тероризм табдил карда аст.
Вазири дифои Покистон афзуда аст, ки Исломобод бо иқдомоти мустақим ва дипломатияи густарда талош карда, шароитро ба ҳолати одӣ баргардонад, аммо Толибон ба намояндагии Ҳинд амал карда ва қасд доранд Покистонро ҳадафи таҷовуз қарор диҳанд.
Ӯ таъкид карда аст, ки неруҳои покистонӣ ҳамакнун посухи қотеъ медиҳанд.
Осиф ҳамчунин, ёдовар шудааст, ки Покистон дар гузашта аз панҷ миллион шаҳрванди Афғонистон мизбонӣ карда ва имрӯз садҳо ҳазор афғон дар хоки ин кишвар “рӯзӣ мехӯранд” ва сабри Покистон акнун лабрез шудааст.
Ӯ чунин ҳушдор додааст: “Ҷанги ошкор оғоз шуда ва неруҳои мо аз дарё наомадаанд: мо ҳамсояи шумо ҳастем ва ҷойгоҳи шуморо мешиносем”.
Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки чандин инфиҷор ва ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Кобул, Қандаҳор ва Пактиё гузориш шуда аст.
Неруҳои покистонӣ дар амалиёте бо номи “Ғазаб-ул-ҳақ” таъсисоти низомии Толибонро дар ин минтақаҳо ҳадаф қарор дода ва бар асоси гузоришҳо даҳҳо узви Толибон кушта шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”