Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Худро намояндаи шахсони сарватманд муаррифӣ мекард”. Боздошти марде бо гумони қаллобӣ
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти сокини 50-солаи шаҳри Ҳисор хабар дод, ки худро намояндаи шахсони сарватманду саховатпеша ва ширкатҳои гуногуни хайриявӣ муаррифӣ намуда, аз шаҳрвандон бо баҳонаи таъмин намудан бо манзили истиқоматӣ маблағҳои калони пулӣ гирифтааст.
Ба навиштаи манбаъ, аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино шаҳрванд Урунбек Иброҳимов ҳамчун гумонбар дар содир намудани як қатор ҷиноятҳои қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гуфта мешавад, ки ҳоло 4 ҳолати қаллобии номбурда муайян гардида, зарари ба шаҳрвандон расонидаи ӯ зиёда аз 257 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Иттилоъ дода мешавад, ки нисбат ба Урунбек Иброҳимов тибқи моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Ҳамчунин, таъкид мегардад, ки дар натиҷаи тафтишоти пешакӣ муайян гардид, ки номбурда қаблан барои содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ ва сохтакорӣ суд шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”