Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар Маҷлиси намояндагон масъалаи гузариш ба низоми 12-солаи таҳсил баррасӣ шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим: мутобиқат ба стандарти ҷаҳонӣ ва дурнамо» мизи мудаввар доир гардид.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мизи мудаввар муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ зикр намуд, ки гузариш ба низоми 12-солаи таълим тақозои замон буда, аз масъулини соҳа масъулияти бештарро талаб менамояд.
Иттилоъ дода мешавад, ки раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода гуфт, ки гузариш ба таҳсилоти 12-сола ҳамчун тақозои замон арзёбӣ шуда, барои баланд бардоштани сифати таҳсил ва рақобатпазирии байналмилалии хатмкунандагон зарур дониста мешавад.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки дар баробари таҷдиди назар гардидани стандарту барномаҳо ва адабиёти таълимӣ, фароҳам овардани шароити мусоид оид ба гузариши низоми 12-солаи таълим бояд равишҳои муосири таҳсилот ва методикаи омӯзгорӣ низ такмил дода шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”