Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Бақайдгирии довталабон барои дохилшавӣ ба макотиби миёна ва олии касбӣ оғоз мегардад
Тибқи иттилои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) аз 2-юми марти соли равон оғоз мешавад.
Манбаъ меафзояд, ки даври якуми бақайдгирии довталабон то охири моҳи апрел давом меёбад.
Гуфта мешавад, ки имсол дар 43 шаҳру ноҳияи кишвар 50 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 17 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаи сайёри бақайдгирӣ амал мекунад.
“Мувофиқи тартиби муқарраргардида бақайдгирӣ бо ҳузури довталаб ва хоҳиши ӯ, новобаста аз ҷойи истиқоматаш, дар ҳар кадоме аз нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои интихобгардидаи кишвар сурат мегирад”, - зикр мегардад дар иттилоияи ММТ.
Ҳамчунин, иттилоъ дода мешавад, ки арзиши хизматрасонӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони беимтиёз (дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ) 370 сомонӣ ва барои онҳое, ки таҳсилоти умумии асосӣ синфи 9-ум доранд, 320 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Дар ин росто, “кӯдакони маъюб” ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падару модарашон дар қайди ҳаёт ва солим мебошанд (дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ) 185 сомонӣ ва барои онҳое, ки таҳсилоти умумии асосӣ синфи 9-ум доранд, 160 сомонӣ муқаррар шудааст.
Ҳамин тавр, боз ба як қатор довталабон имтиёз пешбинӣ гардидааст, ки маълумоти мазкур дар сомонаи расмии ММТ дастрас аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”