Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ханна Нюман: “Толибон аз “қонун” барои табдил кардани занон ба ғуломӣ истифода мекунанд”
Ханна Нюман, узви парлумони Аврупо гуфта аст, ки “Усулномаи ҷиноятҳои маҳокимаҳои Толибон” (Кодекси ҷиноятҳои додгоҳии Толибон) занонро ба самти ғуломӣ мекашонад.
Нюман рӯзи чоршанбе, 25-уми феврал дар як паёми тасвирӣ гуфта аст, ки ҳарф задани занон, берун рафтан аз хона ва дарс хондани онҳо, ҳама аз сӯи Толибон ба унвони ҷиноят шинохта шудаанд.
Ба гуфтаи Нюман, ин “ҷиноятҳо” бо шаллоқ ва зиндонӣ кардани занон посух дода мешаванд.
Ӯ амалкарди Толибон алайҳи занонро апартеиди ҷинсиятӣ хонда ва гуфта аст, ки Иттиҳоди Аврупо бояд онро ба расмият бишносад.
Нюман таъкид кардааст, ки апартеиди ҷинсиятӣ бояд ба унвони ҷиноят алайҳи башарият қонунгузорӣ шавад.
Ин узви парлумони Аврупо хотирнишон кардааст, ки сукут ба маънои бетарафӣ нест, балки ба маънои ҳамдастӣ аст.
Ин дар ҳолест, ки Толибон тайи “қонуне”, латтукӯби занон аз сӯи ҳамсаронашонро қонунӣ кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”