27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:53, Душанбе
26.02.2026 10:07

Омӯзгоре, ки ба ҷанг рафт. Ёде аз иштирокчии ҶБВ Абдулазиз Қодиров

Дирӯз, 25-уми феврал Абдулазиз Қодиров, куҳансолтарин иштирокчии ҶБВ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 106-солагӣ вафот кард.

Шодравон Абдулазиз Қодиров аз ҷумлаи иштирокчиёне буд, ки ҳамеша барои суҳбат бо рӯзноманигорон дастрас буд. Чун мо низ бо эшон чанд суҳбати рӯ ба рӯ ва телефонӣ доштем, дар матлаби зер кӯшиш мекунем, ки он чи ба ёд мондааст, ба хонандагон пешниҳод намоем.

ГИЛА АЗ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР

Соли 2020 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳринав сафар карданд. Дар доираи сафарашон бо сокинони ноҳияи мазкур дидору суҳбат доштанд. Вақте ки Сарвари давлат бо Абдулазиз Қодиров суҳбат мекунанд, он кас мегӯяд: “Ҷаноби Олӣ, ман аз шумо як гила дорам. Ба мо ҳама чиз мерасад ва ягона гилаи ман аз шумо ҳамин аст, ки ба ноҳияи мо кам меоед ва бисёртар оед, зеро бо шарофати қадамҳоятон роҳҳо васеъ мешаванд, иморатҳо қад мекашанд, ободиҳо зиёд мегарданд”.

Абдулазиз Қодиров қисса карда буд, ки баробари “Ҷаноби Олӣ, ман аз шумо як гила дорам” гуфтан, хелеҳо дар ҳайрат монда буданд ва фикр карданд, ки ӯ тамоман дигар чиз гуфтан мехоҳад, вале чун суханашро давом додааст, оҳи сабук кашидаанд.

ШИКОЯТ НАМЕКАРД

Як суҳбати мо бо Абдулазиз Қодиров дар арафаи Рӯи ғалаба сурат гирифта буд. Одатан ҳар сол аз охирҳои моҳи апрел то 9-уми май меҳмонҳояшон зиёд мешуданд, аз ҷумла рӯзноманигорон хеле зиёд барои суҳбат муроҷиат мекарданд.

Пеш аз оғози мусоҳиба аз эшон пурсидам, ки аксарият бисёртар дар арафаи Рӯзи ғалаба ба дидорбинии шумо меоянд ва боре шикоят кардаед, ки дигар вақтҳо намеоянд? Абдулазиз Қодиров пеш аз ҷавоб додан табассуме карданду гуфтанд: “Шикоят накардааму карданӣ ҳам нестам. Шукр, ки ба баҳонаи ин ҷашн ҳам моро ёд мекунанд. Мо акнун пир шудаем ва дар бисёр маврид аз дастамон чизе намеояд. Чун дар арафаи Рӯзи ғалаба бар фашизм ба мардум хотираҳоямон лозим мешавад, бо ҷону дил нақл мекунем. Яъне ҳоло вақти қаҳру шикоят кардан нест”.

МАКТУБИ САФЕД ПАС АЗ МАКТУБИ СИЁҲ

Абдулазиз Қодиров пас аз хатми мактаби миёна ба техникуми омӯзгорӣ дохил шуда, соли 1938 ба фаъолияти омӯзгорӣ шурӯъ кард. Баъди як соли омӯзгорӣ, соли 1939 ӯро ба аскарӣ даъват карданд. Давоми қиссаро шодравон чунин нақл карда буд: “Баъди машқҳои чандмоҳа аскаронро ба ҷанги зидди Финляндия мебурданд, ки ман ҳам дар он қатор будам. Соли 1941 Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ оғоз шуд ва дар ин асно маро ҳам дар қатори садҳо ҷанговар ба ҷанги навбатӣ сафарбар карданд. Бо ифхотир гуфта метавонам, ки дар шаҳрҳои Керч, Севастопол, Одесса ва Симферопол мардонавор бар зидди фашистони немис ҷангидам”.

Ба гуфтаи Абдулазиз Қодиров дар ҷабҳа тирандоз буд. Муҳорибаҳои ҷангӣ пуршиддат идома мекарданд. Баъзан вақт чандин рӯзу шаб аз хандақҳо баромада наметавонистанд, зеро агар аз хандақ мебаромаданд, ҳавопаймои немис онҳоро бомбаборон мекард. Аз дохили ҳамин хандақҳо се ҳавопаймои душманро зада афтондааст.

Яке аз хотираҳои ҷолибу шунидании ӯ чунин буд: “Ман дар як ҳамлаи мусаллаҳона дар ноҳияи Камеланами Симферопол аз ду дасту як поям захмӣ шудам. Чанд вақт беҳуш будам ва тақрибан 6 моҳ беному нишон гаштам. Дар ин муддат аз майдони ҷанг эълон карданд, ки Абдулазиз Қодиров қаҳрамонона дар роҳи Ватан ҳалок гардид ва хати сиёҳамро ба дасти падару модарам доданд. Хабари марги ман дили модару падарро садпора кард. Аҳли оила маросимҳои ҳафту бисту чиламро доданд ва умедашонро ба якборагӣ канданд. Ҳамин тавр, пас аз чанд муддат беҳуш будам, як вақт садои омадани аробаро шунидам. Бедор шуда дидам, ки дар паҳлӯям як ҷанговари ҷавони рус беҳуш хоб аст. Ҳис кардам, ки ӯ ҳам зинда аст. Ароба равон буд. Чашмамро кушода аз марде, ки моро мебурд пурсидам, ки моро куҷо мебарад. Ҳамин ки фаҳмидам ӯ моро то назди қатора бурда, барои табобатамон дар як беморхона роҳ меёбад, ором шудам. Ӯ моро то назди қатора бурд ва бо ёрии дигар одамон мо ба Керч расидем. Дар Керч се моҳ табобат гирифта, сипас, ба Сочи интиқол ёфтем. Дар Сочи ҳам се моҳ табобат гирифтем. Пасон, ба Боку раҳсипорамон карданд. Баъди чанд вақт 12 вагон ярадорро чорвагонӣ ба се шаҳр тақсим карданд. Чор вагонро ба Тошканд, чор вагонро ба Ашқобод ва чор вагони дигарро ба Қаршӣ. Маро ба Қаршӣ оварданд. Дар натиҷаи табобатҳои пай дар пай дасти ростам сиҳат шуд ва аввалин коре, ки кардам ба падару модарам мактуб навиштам. Баъди чанд рӯзи мактуб фиристоданам падарам модарам, додарам ва амакҳоям ба дидорбиниам омаданд”.

Абдулазиз Қодиров баъди табобат гирифтану шифо ёфтан, ба ватан баргашта, кори омӯзгориро давом дод. Пас аз шаш моҳ боз даъватнома барои ҷанг рафтан гирифт, вале он вақт фармони И.В. Сталин баромада буд, ки омӯзгорон ба ҷанг нараванд, чунки дар ақибгоҳ муаллим намерасид.

Ӯ ба ҷуз техникуми омӯзгорӣ боз ду маълумоти олӣ дошт. Соли 1957 факултаи географияро дар Донишгоҳи омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ) ғоибона хатм намуда, ҳамчунин, соли 1961 факултети таърихи ҳамин донишгоҳро ғоибона хатм кардааст. Собиқаи омӯзгориаш 47 солро ташкил медод.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.