Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Мавзунаи Орзу: Мехоҳам нақшеро иҷро кунам, ки ба худам наздик бошад
Ба наздикӣ дар Ютуб силсилафилми “Муҳтоҷи бахт” нашр шуд. Дар он рӯзгори ду оила, ки аз табақҳои гуногун ҳастанд, инъикос ёфтааст. Силсилафилми мазкур миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ маҳбубияти зиёд пайдо кард ва шумораи тамошобинонаш низ кам набуд.
Dialog.tj бо қаҳрамони асосии силсилафилми “Муҳтоҷи бахт” Мавзунаи Орзу, ки дар ҷомеа бештар ҳамчун блогер шинохта шудааст, доир ба бурду бохти филми мазкур суҳбат кард.
ГУФТОРИ ЯКУМ:
“ҲАР САҲНА ЯК ОИНАИ ЗИНДАГИСТ”
- Чӣ гуна шуд, ки шумо дар силсилафилми “Муҳтоҷи бахт” иҷрокунандаи нақши асосӣ шудед?
- Бо коргардони силсилафилми мазкур Алишер Равшанов мо дӯстии чандинсола дорем. Ӯ ба ман нақши асосӣ, ки Маҳина ном дорад ва саргузашти ноҳамворро аз сар мегузаронад, пешниҳод кард. Розӣ шудам ва аз он ки худро санҷидаму иштирок кардам, пушаймон нестам. Хеле шод ҳастам, ки қисме аз ин лоиҳаи сертамошобин будам.
- “Муҳтоҷи бахт” аз ҷониби тамошобинон хеле хуб пазируфта шуд ва ҳатто мардум талаб карданд, ки имкон бошад давомашро таҳия кунед. Шахсан барои худи шумо ин филм писанд омад?
- Бале, хеле писандам омад, чун ба назари ман, мутаассифона, ин қисса инъикоси ҳаёти воқеӣ аст.
- Чаро маҳз ин филм аз ҳафт қисм иборат шуд, чаро давом надодед?
- Мо мехостем, ки “Муҳтоҷи бахт” ҳадди ақал як сол идома кунад, аммо, мутаассифона, чунин нашуд, зеро лоиҳа аз ҷиҳати молиявӣ устувор набуд. Бо вуҷуди ин, ба наздикӣ мо бо Алишер Равшанов ва гурӯҳи корӣ тасмим гирифтем, ки боз як филми дигарро барои ҳаводорони синамо пешкаш намоем.
- Барои онҳое ки ин филмро надидаанд, метавонед мақсаду паёми онро кӯтоҳ баён намоед?
- Барои онҳое, ки то ҳол ин филмро надидаанд, тавсия медиҳам онро тамошо кунанд. Ин филм танҳо як қисса нест, балки оинаи зиндагист. Фикр мекунам, ҳар бинанда аз миёни ҳафт қисм ҳадди ақал порае аз зиндагии худро меёбад. Филм хеле аламовар аст, аммо ҳамзамон пур аз маъно ва сабақ. Он нишон медиҳад, ки пас аз ҳар шаби торик субҳи равшан меояд. Паёми асосиаш ин аст, ки сабр меваи ширин дорад ва ҳар касе, ки сабр мекунаду таслим намешавад, дар ниҳоят ба пирӯзӣ мерасад.
- Мо медонем, ки бархе филмҳо дар вақти танзим қайчӣ мешаванд. Бигӯед, ки филми мазкур дошт сайнаҳое, ки қайчӣ шудаанд?
- Мо ҳама лаҳзаҳоро як кадрӣ гирифтем. На дар вақти нақшофарӣ ва на дар танзим азоб накашидем. Ҳар саҳнае, ки сабт шуд, бо эҳсоси воқеӣ ва омодагии комил буд. Аз ҳамин сабаб, ҳеҷ чизеро лозим надидем, ки қайчӣ кунем, зеро ҳамааш бо дилу ҷон офарида шуд.
- Оё вақти наворбардорӣ бо коргардон нофаҳмиҳо доштед ва оё буданд саҳнаҳое, ки шумо аз нақшофарӣ даст кашида бошед?
- Хушбахтона, вақти кор ҳеҷ нофаҳмӣ пеш наомад ва дар пояи эҳтирому ҳамдигарфаҳмӣ ҳар кас вазифаашро иҷро намуд.
- Кадом қисм ё саҳнаи филм ба шумо вақти наворбардорӣ мушкил афтод?
- Ман ҳамеша дар давраи мактабхониву донишҷӯӣ рӯйи саҳна будам. Аз ин рӯ, нақшофарӣ барои ман ҳеҷ гоҳ кори душвор набуд. Шояд иҷрои ман ба дараҷаи олӣ нарасида бошад, аммо бо тамоми ҳастӣ ва аз самими дил кӯшиш кардам, ки нақшамро то ҳадди имкон содиқона ва пурэҳсос иҷро намоям. Зеро барои ман муҳим на танҳо натиҷа, балки талош, муҳаббат ба ҳунар ва эҳтиром ба тамошобинон аст.
- Агарчи шуморо мардум бештар ҳамчун блогер шинохтанд, аммо фикр мекунем, нақшофариатон дар силсилафилми “Муҳтоҷи бахт” миёни дӯстдорони синамо шуморо маҳбуб кард. Оё пас аз нақшофариатон даъватҳо барои иштирок дар дигар филмҳо ҳаст?
- Бале, фикр мекунам, гарчанде ки аксари мардум маро бештар ҳамчун блогер мешиносанд, аммо маҳз нақшофариам дар силсилафилми “Муҳтоҷи бахт” миёни дӯстдорони синамо маро маҳбубтар гардонд. Ин филм сабаб шуд, ки бо шумораи зиёди тамошобинон аз наздик ошно шавам. Пешниҳодҳо барои иштирок дар филмҳо ҳатто пеш аз ин лоиҳа низ буданд, аммо он замон онҳоро напазируфтам. Эҳтимол дорад, ки дар оянда боз маро дар филмҳои дигар ҳам бубинед. Бештар мехоҳам нақшеро иҷро кунам, ки ба худам наздик бошад ва худро дар он озод ҳис кунам.
- То ҷое медонем, шумо дар соҳаи синамо таҳсил накардаед, аммо чунин самимӣ нақш офаридаед, ки ба ҳунарпешаи ҳақиқӣ буданатон бисёриҳо бовар доранд. Бигӯед, ки нозукиҳои актёриро чӣ гуна ва аз кӣ омӯхтед?
- Аз зиндагӣ омӯхтам... Ҳар яки мо ҳар рӯз актёр ҳастем, механдем, гиря мекунем, орзу мекунем. Дар филм бошад, бояд комилан озод бошӣ ва эҳсосро ба саҳна ворид кунӣ. Вақте ки ҳақиқатан эҳсос мекунӣ, ҳар лаҳзаи саҳна худ аз худ ҷараён мегирад. Ашкҳо аз чашм мебароянд, ханда ба лаб меояд ва ҳатто лаҳзаҳои хурди ҳаётан муҳим рӯй медиҳанд. Ҳунарпешагӣ барои ман пеш аз ҳама ҳақиқат ва эҳсос аст. Ҳар саҳна як оинаи зиндагист, ки дар он мо ростӣ ва осоиштагии инсонро мебинем.
- Метавонед бигӯед, ки силсилафилми “Муҳтоҷи бахт” ба зиндагӣ ва фаъолияти шумо чӣ таъсир расонд?
- Ба фаъолияти кориям таъсири зиёд расонд ва онро тарафи мусбат тағйир дод.
ГУФТОРИ ДУЮМ:
“БЕҲТАРИН НАСИҲАТ НАМУНА БУДАН АСТ”
- Шумо ҳамчун блогер дар як соли охир хеле хуб рушд кардед. Бигӯед, ки ин пеша барои як духтар чӣ душвориҳо дорад?
- Бурди ман он буд, ки ҷуръат карда, роҳеро интихоб намудам, ки бисёриҳо аз он метарсанд. Ман худро ёфтам, овозамро ёфтам, шунавандагонамро ёфтам. Имрӯз ман муваффақам, зеро орзуямро ба амал табдил додам. Аммо бохти ман ҳам дар ҳамин роҳ аст. Зеро блогерӣ танҳо шуҳрату табассум нест. Ин касб сабр мехоҳад, дили қавӣ мехоҳад. Дар ин роҳ туҳмат ҳаст, бадгӯӣ ҳаст, нофаҳмӣ ҳаст. Ҳар рӯз имтиҳон аст. Ҳар суханат зери нигоҳ аст. Блогер будан осон нест. На ҳар кас тоқати ин фишорро дорад. Касе, ки ин роҳро интихоб мекунад, бояд дили бузург ва ҷигари қавӣ дошта бошад, то дар миёни бодҳои сахт хам нашавад. Шояд ба дигарон ин роҳро тавсия надиҳам, зеро оромии зиндагии шахсӣ ганҷест, ки бо ҳеҷ шуҳрат иваз намешавад. Аммо агар касе воқеан омодаи мубориза бошад, пас бигзор бидонад, ки ҳар бурд қимате дорад. Зеро баъзан як роҳ ҳамзамон ҳам бурд асту ҳам бохт.
- Имрӯз бисёриҳо мехоҳанд дар фазои маҷозӣ маъруф шаванд, аммо на ҳама муваффақ мегардад. Бигӯед, ки муваффақиятро ба даст овардан дар интернет ягон фурмула дорад?
- Имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ машҳур шудан осон аст, аммо маҳбуб шудан душвор. Як навори ғайриахлоқӣ метавонад инсонро зуд шинохта кунад, вале эҳтиром ва муҳаббати мардум танҳо бо ахлоқи нек ва кори судманд ба даст меояд. Беҳтар аст ба ҷойи ҷустуҷӯи шуҳрат, барои ҷомеа ва тарбияи насли наврас паёми хубу созанда гузорем.
- Шумо бештар дар саҳифаатон наворҳои маърифатӣ мегузоштед ва аслан бо ҳамин услуб шинохта шудед, вале барои чӣ вақтҳои охир хеле навори кам таҳия мекунед?
- Сабабаш камии вақт аст, зеро вақти зиёдамро кори филм мегирифт. Акнун, ки филм ба охир расид, кӯшиш мекунам, наворҳои зиёд таҳия кунам.
- Наворҳои шумо оҳанги панду насиҳат доранд. Ба фикратон, ҳоло ҷомеа ба насиҳат ниёз дорад ва оё насиҳатро гӯш мекунад?
- Дар Инстаграм талош мекунам, ҳамон нафаре бошам, ки дар зиндагии воқеӣ ҳастам. Якранг, якрӯ, якдил. Фикр мекунам, ҳоло он қадар бузург нашудаам, ки дигаронро насиҳат кунам, аммо кӯшиш мекунам бо рафтору кирдорам намуна бошам, зеро беҳтарин насиҳат намуна будан аст.
- Блогериро касб гуфтан мумкин аст ё ҳоло дар кишвраи мо ин шуғл ба касб табдил наёфтааст?
- Ба назари ман, блогериро касб гуфтан мумкин аст, зеро ҳоло дар ҷомеа зиёданд нафароне, ки маҳз ба воситаи блогерӣ зиндагиашонро таъмин мекунанд. Ҳоло шабакаҳои иҷтимоӣ ба мо имкон медиҳанд, ки озодона фаъолият кунем ва то андозае саҳми худро дар соҳаҳои гуногун гузорем.
- Ба ҷуз блогерӣ боз ба чӣ корҳо машғул мешавед?
- Чун хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ҳастам, ҳоло ба ҷуз блогерӣ ба омӯзгорӣ низ машғул ҳастам.
Мусоҳиб
Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”