Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Боз 16 қиморбоз дастгир шуд. Парвандаи ҷиноятӣ зиддӣ ташкилкунандаи қиморхона
Аз ҷониби кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Хуросон як ҳолати ташкили қиморхона дар манзили истиқоматӣ дар ҳудуди ноҳияи мазкур ошкор гардид.
Тавре ки Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад, Тоҷиддин Эшонов, соли таваллудаш 1983, сокини деҳаи Пахтаободи ноҳияи Хуросон аз аввали моҳи январи соли ҷорӣ барои сокинони ноҳияҳои Хуросон ва А. Ҷомӣ дар як ҳуҷраи манзили истиқоматиаш барои қиморбозии ғайриқонунӣ шароит фароҳам намуда, маблағҳои пулӣ ба даст овардааст.
Ба навиштаи манбаъ, нисбат ба Тоҷиддин Эшонов барои ташкил ва нигоҳдории қиморхона бо моддаи 240 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Гуфта мешавад, ки нисбат ба Қурбонқулов Ҷамолиддин Ноилович соли таваллудаш 1991, Бердиев Зубайдулло Одинаевич соли таваллудаш 1979, Гулмирзоев Олимхон Холович соли таваллудаш 1989, Бобишозода Шералӣ Мардон соли таваллудаш 1994, Норов Турдиқул Ҳасанович соли таваллудаш 1981, Ҳаитов Усимқул Ҳусейнович соли таваллудаш 1970, Аймаков Акбархуҷа Абдусаторович соли таваллудаш 1991, Шоимов Алишер Илданқулович соли таваллудаш 1985, Намозов Сафарбек Тағойхонович соли таваллудаш 1964, Ҳайдаров Сафарбек Турсунович соли таваллудаш 1971, Раҷабов Кароматулло Ҳусейнович соли таваллудаш 1978, Бурихонов Урозалӣ Ашурқулович соли таваллудаш 1995, Хоҷаназаров Нурмаҳмад Буриевич соли таваллудаш 1979, Бобоев Ҷаҳонгир Насимович соли таваллудаш 1992 (сокинони ноҳияи Хуросон) ва Гадоев Парвиз Сафовудинович соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи А. Ҷомӣ барои машғул шудан ба қиморбозӣ бо дастрасии талаботи моддаи 465 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ва таъини ҷазо аз рӯйи тобеъият ба мақомоти суд ирсол гардидааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”