Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Бақоӣ: “Иддаои амрикоиҳо дар бораи барномаи ҳастаии Эрон дурӯғ аст”
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон баён кард, ки иддаоҳо дар бораи барномаи ҳастаӣ ва мушаки баллистикии Эрон як дурӯғи бузург аст.
Ба гузориши расонаҳои Эрон Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вокуниш ба иддаоҳои мақомоти амрикоӣ ва расонаҳои ғарбӣ алайҳи Эрон дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Икс” навишт: “Дурӯғгӯёни ҳирфаӣ тахассуси вижае дар эҷоди “ҳақиқати воҳӣ” доранд.
Вай хотирнишон кард: “Як дурӯғро он қадар такрор кун то зоҳири ҳақиқат пайдо кунад; ин қоидаест, ки тавассути Йозеф Геббелс, вазири иттилооти Олмони гузашта ва мушовири Гитлер ихтироъ ва ба таври густурда истифода шуд”.
Бақоӣ афзуд: “Ин қоида акнун ба таври систематикӣ тавассути давлати Амрико ва ҷангталабони атрофи онҳо, бахусус режими наслкуши Исроил, барои пешбурди корзори аҳримании нашри иттилооти дурӯғ ва ҷаълӣ алайҳи миллати Эрон ба кор гирифта мешавад”.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон тасреҳ кард: “Он чӣ дар бораи барномаи ҳастаии Эрон, мушаки баллистикии қорапаймои Эрон ва теъдоди ҷонбохтагони нооромиҳои моҳи январ иддао мешавад, чизе ҷуз такрори маҷмуае аз дурӯғҳои бузург нест, ҳеч кас набояд фиреби чунин дурӯғҳоро бихӯрад”.
Бомдоди имрӯз, чоршанбе Доналд Трамп, президенти Амрико дар нахустин суханронии расмии худ таҳти унвони “Вазъияти иттиҳодия” дар давраи дуюми раёсатҷумҳурии худ дар Конгресс дар идомаи суханронии худ гуфт: “Инҳо одамони ваҳшатноке ҳастанд. Онҳо мушакҳое сохтаанд, ки Аврупоро таҳдид мекунад ва ба зудӣ Амрикоро таҳдид хоҳанд кард. Пас аз амалиёти “Чаккуши нимашаб” таҳдидҳое дарёфт карданд, ки мушак ва мушакҳои ҳастаӣ насозанд, аммо ҳанӯз ин корро анҷом медиҳанд. Мо бо онҳо дар ҳоли музокира ҳастем, аммо ҷумлаи муҳимме аз онҳо нашунидем, ки бигӯянд: “Мо силоҳи ҳастаӣ намехоҳем”.
Трамп дар идомаи иддаоҳои худ афзуд: “Эрон мехоҳад барномаи ҳастаии худро аз нав тавсеа диҳад ва акнун дар пайи аҳдофи шумми худ ҳастанд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”