Конфронси байналмилалии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба Борбади Марвазӣ баргузор мешавад
Оғози намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар Париж
Бузургдошти Сино ва Хайём. Бо ташаббуси Тоҷикистон дар ЮНЕСКО чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ баргузор мегардад
Вазирони фарҳанги Тоҷикистону Ҳиндустон рушди ҳамкориҳоро миёни ду давлат баррасӣ карданд
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки 22-уми март дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад.
Гуфта мешавад, ки Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
“Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» соли ҳаштум аст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор шуда, мақсади он муаррифии имконоти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон ба сайёҳон мебошад”, - навиштааст манбаъ.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар доираи фестивали мазкур намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ойинҳои наврӯзӣ, бозиҳои миллии варзишӣ, пухтани таомҳои наврӯзӣ, либоси миллӣ ва имконияти хизматрасонии сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад