Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Трамп нахустин суханронии “Вазъияти кишвар”-ро дар давраи дуюми президентиаш ироа мекунад
Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нахустин суханронии “Вазъияти кишвар”-ро дар давраи дуюми президентиаш дар Конгресс ироа мекунад.
Расонаи “Ал-Ҷазира”, 25-уми феврал гузориш додааст, ки Трамп дар ин суханронӣ барномаҳои сиёсии худро дар остонаи интихоботи миёндавраӣ шарҳ хоҳад дод.
Бар асоси гузориш, интизор меравад ӯ бар дастовардҳои давлати худ дар заминаи коҳиши ҷинояткорӣ, назорати муҳоҷират ва беҳбуди вазъи иқтисодӣ таъкид кунад.
Бархе аъзои Ҳизби демократии Амрико эълом кардаанд, ки ин суханрониро таҳрим хоҳанд кард ва ҳамзамон дар беруни бинои Конгресс барномаи ҷудогонаеро таҳти унвони “Вазъияти кишвари мардум” баргузор мекунанд.
Суханронии Трамп дар ҳоле анҷом мешавад, ки иқтисоди Амрико бо бесуботӣ рӯбарӯ аст: вазъияте, ки бахше аз он ба ҷорӣ кардани таърифаҳои густурда аз сӯи ӯ нисбат дода мешавад.
Ҳафтаи гузашта низ Додгоҳи олии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бархе аз ин таърифаҳоро лағв карда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад