Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Барои рушди кори почта дар Тоҷикистон 5 миллион доллар сармоягузорӣ мешавад
Байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сервис и Технология» созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Рушди низоми почтаи Тоҷикистон: автоматикунонии раванди муросилоти почтавӣ» ба имзо расид.
Тавре ки Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, созишномаи мазкур ба рушди инфрасохтори соҳаи почта ва ҷорӣ намудани низоми муосири автоматикунонии раванди муросилоти почтавӣ нигаронида шудааст.
Гуфта мешавад, ки ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 5 миллион долларро ташкил дода, маблағгузории пурраи он аз ҳисоби ҶДММ «Сервис и Технология» таъмин мегардад.
Манбаъ меафзояд, ки татбиқи лоиҳа имкон медиҳад, ки сифати хизматрасониҳо беҳтар гардида, раванди коркард, ирсол ва назорати муросилот мутобиқ ба стандартҳои муосири байналмилалӣ ба роҳ монда шавад.
“Дар доираи лоиҳа хизматрасониҳои логистикӣ ва иҷрои фармоишҳо такмил ёфта, имконияти нав барои рушди савдои электронӣ ва густариши хизматрасониҳои рақамӣ фароҳам оварда мешавад”, - зикр мегардад дар иттилоияи Хадамоти алоқа.
Ҳамчунин, иттилоъ дода мешавад, ки дар натиҷаи татбиқи лоиҳа беш аз 150 ҷойи нави кор таъсис ёфта, зиёда аз 500 корманди соҳаи алоқаи почта ба равандҳои нав ҷалб карда мешаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”