Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ироқчӣ: “Ҳаргиз аз ҳақи ҳастаии қонунии худ чашмпӯшӣ нахоҳем кард”
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, ки кишвараш ҳаргиз аз ҳақи қонунии худ дар заминаи ҳастаӣ кӯтоҳ нахоҳад омад.
Ба гузориши расонаҳои Эрон Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Икс” навишт: “Эрон бар мабнои тафоҳумоте, ки дар даври пешин шакл гирифт, бо азми росих барои дастёбӣ ба як тавофуқи одилона ва мунсифона дар кӯтоҳтарин замони мумкин, гуфтугӯҳо бо Иёлоти Муттаҳидаро дар Женева аз сар хоҳад гирифт”.
Ӯ идома дод: “Мавзеъ ва боварҳои бунёдии мо комилан рӯшан аст - Эрон таҳти ҳеч шароите ҳаргиз ба дунболи тавсеаи силоҳи ҳастаӣ нахоҳад буд: дар айни ҳол мо эрониён ҳаргиз аз ҳақи худ барои баҳрамандӣ аз манофеи фанноварии ҳастаии сулҳомез барои мардуми худ чашмпӯшӣ нахоҳем кард”.
Вазири корҳои хориҷии Эрон тасреҳ кард: “Акнун як фурсати таърихӣ дар ихтиёр дорем, то ба тавофуқе бесобиқа даст ёбем, ки нигарониҳои мутақобилро бартараф карда ва манофеи муштаракро таъмин кунад. Дастёбӣ ба тавофуқ дастрас аст, аммо танҳо дар сурате ки ба дипломатия авлавият дода шавад”.
Ироқчӣ хотирнишон кард: “Мо собит кардаем, ки барои посдории ҳокимияти худ далерона аз ҳеч талоше фурӯгузор нахоҳем кард. Ҳамон далериро низ ба мизи музокира меоварем, ҷое ки барои дастёбӣ ба ҳалли мусолиматомези ҳар гуна ихтилоф талош хоҳем кард”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”