Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Фаронса сафири Амрикоро аз дидор бо мақомҳои давлатӣ манъ кард
Чарлз Кушнер, сафири Иёлоти Муттаҳида дар Париж, аз дидор бо вазирон ва дигар мақомҳои фаронсавӣ манъ шудааст.
Хабаргузории “Франс-пресс” (France-Presse) рӯзи сешанбе, 24-уми феврал гузориш додааст, ки сафири Амрико даъватномаи Вазорати корҳои хориҷии Фаронсаро нодида гирифтааст.
Тибқи гузориш, ин иқдом пас аз он сурат гирифта, ки ҷаноби Кушнер дар пайи изҳори назар дар бораи кушта шудани як фаъоли “ростгарои ифротӣ”-и фаронсавӣ, даъватномаи Вазорати корҳои хориҷии Фаронсаро нодида гирифт.
Бар асоси гузориш, Квентин Дранк, фаъоли “ростгарои ифротӣ”-и фаронсавӣ дар ҷараёни даргирӣ бо фаъолони гумонбар ба “чапи ифротӣ” мавриди латукӯб қарор гирифта, кушта шудааст.
Вазорати корҳои хориҷии Фаронса гуфтааст, ки кушта шудани ин фаъоли “ростгарои ифротӣ” як масъалаи дохилӣ аст ва набояд аз он баҳрабардории сиёсӣ шавад.
Ин дувумин бор аст, ки сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико даъватномаи Вазорати корҳои хориҷии Фаронсаро нодида мегирад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад