Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Милитсияи пойтахт Зиёвуддин Абдуллоевро барои наҷот додани як нафар қадрдонӣ кард
Ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе сокини пойтахт Зиёвуддин Абдуллоевро барои содиқона иҷро намудани қарзи шаҳрвандӣ ва аз марг наҷот додани як шаҳрванд бо Сипоснома ва мукофотҳои арзишманд қадрдонӣ кард.
Гуфта мешавад, ки 4-уми декабри соли 2025, дар кӯчаи Н.Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ як сокини 35-солаи шаҳри Душанбе, ки дар ҳолати ноумедӣ қарор дошт, бо қасди худкушӣ кӯшиш намуд, ки аз болои бинои баландошёнаи истиқоматӣ худро ба поён ҳаво диҳад. Дар он лаҳза Зиёвуддин Абдуллоев бо суханони оромбахш ва ҳаракати далерона тавонист ӯро аз нияти хатарноки худ баргардонад ва ҷони ӯро наҷот диҳад.
Барои ин амали далерона ва ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Зиёвуддин Абдуллоевро қадрдонӣ намуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”